ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Кормандони мақомоти додситонӣ соли сипаришуда вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд 5 ҳазору 338 санҷиш гузаронида, барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 24 ҳазору 206 санад тартиб додаанд, изҳор дошт Юсуф Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.
Ӯ афзуд, дар натиҷаи баррасии санадҳои тартибдодашуда 36 ҳазору 331 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддию маъмурӣ кашида шуда, 2688 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.
Инчунин бо дахолати прокуророн 598 миллион сомонӣ, аз он 303 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шуд.
Ба иттилои додситонӣ, вобаста ба иҷрои қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 1350 қонуншиканӣ ошкор ва нисбати шахсони гунаҳкор 494 парвандаи маъмурӣ оғоз карда шуд. Барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 113 амр дода, 405 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.
Додистонии кул инчунин хабар дод, ки соли 2019 аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 873 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 34 ҷиноят кам мебошад.