Газ дар хунукӣ қимату дар гармӣ арзон: санҷиши “Газпром” дар Тоҷикистон

© Sputnik / Александр Кожохин / Гузариш ба медиабонкАвтозаправочная станция, архивное фото
Автозаправочная станция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдулмаҷид Муминзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, мегӯяд, дар пайи болоравии нархи гази моеъ, ширкатҳои ҳукмрони ин бозорро мавриди санҷиш қарор додаанд

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Муминзода, зимни таъйиди болоравии нархи газ, ки то 4 сомонӣ сари литр расидааст, изҳор дошт, ки феълан санҷиши ду ширкат - “Соро Ойл” ва “Нур Ойл”-ро ба анҷом расонда, тафтиши фаъолияти ширкати ҳукмрони бозор – “Газпром” идома дорад.

Витрина с сотовыми телефонами. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
80 дирамӣ аз ҳар симкорт: Хадамоти зидинҳисорӣ баъди 5 сол асоснокиашро пурсид

Ӯ гуфт, дар пайи санҷиш баъзе камбудиҳо, аз ҷумла гирифтани даромади беасос аз ҳисоби истеъмолкунандагонро ошкор кардаанд ва дастандаркоронро ба андозаи 350 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастанд.

Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар мавриди “Газпром” афзуд, ки санҷиш идома дорад ва дар пайи ҷамъбасти фаъолияти солонаашон маълумоти иловагӣ ба омма пешниҳод хоҳад шуд.

Ӯ яке аз омилҳои баландшавии нархи гази моеъ дар Тоҷикистонро ба болоравии нарх дар давлатҳои истеҳсолкунандаи мол рабт дод.

Ба суол, ки чаро газ бо фарорасии гармӣ арзон мешаваду дар мавсими сармо қимат, Абдулмаҷид Муминзод аз зимистонҳои қаҳратуни Русия ва Қазоқистон, таъминкунандагони асосии кишвар бо гази моеъ зикр кард.

“Дар шароити зимистони шадид, истихроҷ камтар мешавад, талабот дар худи давлатҳои истеҳсолкунанда зиёд мегардад. Вақте талабот зиёду истеҳсол кам шуд, хоҳу нохоҳ нархҳо боло мераванд”, - изҳор дошт Муминзод.

Раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъкид кард, ки дар мавсими гармӣ боз нарх поин меравад.

Лентаи хабарҳо
0