ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар доираи низоми биллингии таҳиякардаи ширкати “Авесто гуруҳ” танҳо дар ноҳияи Сино насби 95 ҳазор дона ҳисобкунак бо харҷи умумии 340 миллион сомонӣ дар назар аст. Дар маҷмуъ дар Душанбе насби 250 ҳазор ҳисобкунак пешбинӣ шуда, арзиши умумии лоиҳа 880 миллион сомонӣ арзёбӣ шуд.
Барои татбиқи низоми биллингӣ, ки барқ тариқи пешпардохт ироа мешавад, Ҳукумат созишнома бо Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати корхонаҳои “Авесто Гурӯҳ”, “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ташкилоти қарзии хурди “Душанбе Сити”-ро имзо карда, Маҷлиси намояндагон онро ҳафтаи равон ба тасвиб расонд.
Дилрабо Мансурӣ, вакили парлумони Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа изҳор дошт, ки “Авесто Гурӯҳ” вазъи низоми энергетикии Душанберо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ омӯхта, барои татбиқи низоми биллингии миллӣ иқдом гирифтааст.
Мансурӣ вазъи 5 соли охирро, ки ҳаҷми миёнаи ҷамъоварии маблағ 81,2 фоиз ва талафоти тиҷоратию техникии неруи барқ дар ҳаҷми 19,1 фоизро ташкил додаст, тамоюли манфӣ арзёбӣ кард. Ӯ иттилоъ дод, “Авесто гуруҳ” азм дорад, бо ҷалби 88 миллион доллари худӣ низоми назорату ҳисоби пули барқро дар Душанбе пурра автоматӣ кунад.
Дар модели пешгирифтаи “Авесто гуруҳ” дар назар гирифта шудааст, ки ҳар сол муштариёни барқ се дарсад ва нархи барқ 5 дарсад афзоиш меёбад. Ин ширкат ният дорад, талафоти неруи барқро дар шабакаҳои пойтахт то 12 дарсад коҳиш диҳаду ҷамъоварии пули барқи истифодашударо дар сатҳи 99 дарсад таъмин созад.
Талаф каму пули барқ зиёд: созиши Ҳукумат бо “Авесто гуруҳ” ва “Душанбе сити”
Дар ҳамин ҳол нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли вакил Дилрабо Мансурӣ хабар додаст, ки бозпасгардонии сармоягузорӣ аз ҳисоби кам кардани ҳаҷми талафоти тиҷоратию техникӣ ва зиёд гардонидани ҷамъоварии маблағҳо барои истифодаи неруи барқ дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои раёсати Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар назар аст, ки сармоягузорони низоми нав, маблағашонро аз ҳисоби болобарии ҳаҷми ҷамъоварии пули барқ, ихтисори нозирону коҳиши талафоти барқ, пулашонро бо фоида бозпас гиранд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар навбати худ сармоягузорони низоми билингиро аз андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ дар марҳилаи татбиқи лоиҳа, ки 5 солро дар бар мегирад, озод кардааст.
Ироаи имтиёзҳо дар ҳолест, ки “Авесто Гурӯҳ” бо гирифтани сабукиҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисоди мамлакат - аз нақлиёт то паррандапарварӣ, интернет, тавлиди об ва ғайра фаъолият мекунад.