Сафорати Тоҷикистон дар Чин: дар маркази пайдоиши коронавирус 48 шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳаст

© AP / Ahn Young-joonСотрудники работают над предотвращением появления нового коронавируса на станции Сусео в Сеуле, Южная Корея
Сотрудники работают над предотвращением появления нового коронавируса на станции Сусео в Сеуле, Южная Корея - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафорати Тоҷикистон дар Чин эълон намудааст, ки дар музофоти Хубэй — маркази пайдоиш ва паҳншавии коронавируси шакли нав шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Чин хабар додааст, ки айни замон дар шаҳри Вухани музофоти Хубэй — маркази пайдоиш ва паҳншавии коронавируси шакли нав 48 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд, иттилоъ додааст саҳифаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Чин.

Врачи в Китае - Sputnik Тоҷикистон
18 нафар: "вируси тоҷдор" – ро дар Тоҷикистон хона ба хона хоҳанд ҷуст

“Айни замон 48 нафар шаҳрвандони кишвар дар музофоти болозикр қарор доранд. Ҳамаи онҳо донишҷӯёни муассисаҳои олии музофоти Хубэй мебошанд, ки бо Сафорат дар тамос шудаанд ва ё дипломатҳои тоҷик тавассути WeChat бо онҳо алоқа барқарор намудаанд”, - таъкид доштааст сафорати Тоҷикистон дар Чин.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки миёни беморони коронавируси шакли нав шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.

“Ҳукумати Чин барои пешгирии паҳншавии беморӣ тамоми чораҳоро дида истодааст. Сафорати Тоҷикистон бо мақомоти давлатии марбутаи Чин дар тамоси доимӣ буда, ҳамчунин ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маркази пайдоиш ва паҳншавии беморӣ қарор доранд, дар доираи имкониятҳо мадад расонида истодааст”, - зикр намудааст сафорат.

Ҳамчунин сафорати Тоҷикистон дар Чин аз донишҷӯёни тоҷики муқими ин кишвар дархост кардааст, ки бо канор гузоштани баҳсҳо ва мунозираҳои беҳуда дар бораи густариши вируси асроромези тоҷдор (коронавирус) дар Чин, ки бо фавти ашхос низ ҳамроҳ мебошад, ба тавсияҳои мақомоти беҳдоштии Пекин амал кунанд.

Ба нақл аз сомонаи Сафорати Тоҷикистон дар Чин, дар ин баёния таъкид шудааст, ки кишвари қудратманди Чин аз тавоноии ҳалли мушакили густариши ин беморӣ бархурдор аст ва вазъиятро таҳти контрол дорад.

Пассажиры следуют на поезд в Шанхае - Sputnik Тоҷикистон
Донишҷӯи тоҷик аз даҳшати коронавирус дар Чин гуфт: "шаб намебароем, рӯз танҳо бо таксӣ "

Сафорати Тоҷикистон дар Чин эълом кардааст агар ҳам зарурати хориҷ кардани донишҷӯёни тоҷик аз минтақаҳои таҳти қарантин матраҳ шавад, ин кор анҷом хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки теъдоде аз донишҷӯёни тоҷики машғул ба таҳсил дар шаҳри Вуҳан-маркази шуюи коронавирус аз ин , ки имкони бозгашт ба Тоҷикистонро ба далели қатъи парвозҳо миёни Душанбе ва Пекин надоранд ва шароити зиндагӣ дар ин шаҳр сахт мешавад, ибрози нигаронӣ кардаанд.

Пеш аз ин Вазорати беҳдошт ва ҳифозати иҷтимоии Тоҷикистон дар пайи шуюи вируси нав дар Чин дар номаҳое ҷудогона ба Вазорати умури хориҷа ва Кумитаи давлатии тавсеаи гардишгарӣ хостори маҳдудияти сафари шаҳрвандон ва гардишгарони чинӣ ба ин кишвар шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0