Соҳибони маоши пасттарину баландтарин дар Тоҷикистон муайян шуданд

© Sputnik / Амир ИсаевПродавец в магазине считает сдачу
Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маоши баландтаринро дар Тоҷикистон кормандони бахши молия, музди миёнаро кормандони бахши энергетика ва аз ҳама поинро кишоварзон мегиранд

ДУШАНБЕ, 27 янв – Sputnik. Маоши миёна дар Тоҷикистон тайи моҳҳои январ – декабри соли 2019 ба 1 ҳазору 357 сомонӣ баробар шудааст, хабар дод Ожонси омори Тоҷикистон.

Таджикские денежные знаки Сомони - Sputnik Тоҷикистон
Милионҳо сомонӣ қарзи идораҳо дар назди коргарҳо

Ба иттилои манбаъ, маоши миёна дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 ба андозаи 2,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Маоши пасттаринро соли гузашта кормандони бахши хоҷагии қишлоқ, ҷангал ва моҳидорӣ гирифтаанд, ки муодили 594 сомонӣ будааст. Музди баландтаринро кормандони бахши молия – бонкҳою ширкатҳои суғуртавӣ гирифтаанд, ки 3 ҳазору 423 сомониро ташкил додаст.

Афроде, ки дар бахши истихроҷ ва сохтмон кор кардаанд, ба ҳисоби миёна 2,6 ҳазор сомонӣ музди меҳнат доштаанд. Барои кормандони бахши энергетика ва таъминоти об 1,9 ҳазор сомонӣ маош пардохт шудааст.

Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон ҳамоно 400 сомониро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0