ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Лимити мошинҳои хидматии мансабдорони тоҷик, ки 2007 ададро ташкил медод, бо қарори ҷадиди Ҳукумат 2079 адад муқаррар шудааст.
Бар асоси қарор, ба ин шумора теъдоди мошинҳои хидматии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти додгоҳию додситонӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ шомил буда, мошинҳои махсус дар ин омор дохил намешаванд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан аз гаронии мошинҳои хидматии мақомдорони давлатӣ ва сӯиистифодаи онҳо бо мақсадҳои шахсӣ интиқодҳо дар сатҳҳои гуногун садо медоданд. Дар пайи интиқодҳо, раисиҷумҳур барои ҷилавгирии сӯиистифодаи мошинҳои хидматӣ бо мақсадҳои шахсӣ дастури махсус содир карда, мақомоти умури дохилӣ низ аз чандин ҳолатҳои сӯиистифодаи воситаҳои нақлиёти хидматӣ гузориш дода буданд.
Қадбаланд, даванда, забондон зери камера: қабул ба кор дар гумрук баъди интиқоди Раҳмон
Дар маҷмуъ тибқи омори расмӣ теъдоди хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин наздики 5 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд.