Файзов ба ноҳияи Мурғоб рафт ва омодагии сокинонро ба зимистонгузаронӣ санҷид

Обуна шудан
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо сафари корӣ ба ноҳияи Мурғоб сафар намудаст, омодагии сокинони ин минтақаро ба мавсиси сармои имсола мавриди санҷиш қарор додаст

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik.  Раиси вилоят Ёдгор Файзов сафари кории худро аз мулоқот бо кормандони неругоҳи хурди барқии "Тоҷикистон", дар ноҳияи Мурғоб  оғоз намудаст, хабар медиҳад агентии Ховар.

Раджаббой Ахмадзода председатель Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоди Азим Иброҳим аз омодагии Суғд ба давраи зимистонгузаронӣ

Масъулини неругоҳи мазкур ба раиси вилоят ҳисобот дода, афзуданд, ки феълан неругоҳи барқии "Тоҷикистон"- и ноҳияи  Мурғоб пурра ба даври зимистон омодааст.

Чаро вилояти Хатлон то ҳол ба зимистон омода нест?

Ба иттилои як корманди масъули неругоҳ Холиқ Соҳибназаров, корҳои омодагӣ ба даври зимистонро неругоҳи мазкур аз оғози баҳор шурӯъ намуда, феълан тамоми корҳои профилактикӣ ба анҷом расида, неругоҳи "Тоҷикистон" пурра ба фасли сармои зимистон омода аст.

Бояд қайд намуд, ки дар гузашта неругоҳи мазкур ҳамагӣ 200 квт-соат неруи барқ тавлид намуда, 1200 хоҷагӣ дар як шабонарӯз аз 3 то 6 соат бо барқ таъмин мегаштанд.

Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон аз зимистони сард ва тӯлонӣ

Баъди навсозӣ иқтидори НБО "Тоҷикистон" то ба 1 ҳазору 500  квт-соат расонда шуд. Агар оби рӯди Оқсу аз меъёр зиёд ях набандад, неругоҳ имконият дорад бидуни реҷа ба манзили сокинони ноҳия неруи барқ интиқол диҳад.

Лентаи хабарҳо
0