ДУШАНБЕ, 25 янв - Sputnik. Дар Хуҷанд фаъолияти эҷодии адиб ва муҳаққиқи номвари тоҷик Мирзо Шукурзода таҷлил карда шуд.
Дар ин маҳфил аз нақши фаъолияти панҷоҳсолаи эҷодии Мирзо Шукурзода таъкид гардид, ки давоми ин солҳо бо нашри даҳҳо очерку ҳикоя ва асарҳои таҳқиқотӣ дар хазинаи фарҳанги милли тоҷикон саҳми шоиста гузоштааст.
Тоҷикони Килли Кабир: пешниҳоди ба расмият шинохтани тоҷикони Покистон
Фарзона шоири халқии Тоҷикистон гуфт, дар зиндагӣ инсонҳое ҳастанд, ки ҳарҷо раванд зангулаи бедорӣ мезананд ва як худашон оинаи миллатнамо ҳастанд. Мирзо Шукурзода аз ҳамин табор инсонҳоянд.
"Мо харифтаи сафарҳои устодону бузургону нухбагонро матраҳ мекунем ва ҷуғрофиёи қудуми онҳоро меомӯзем, ки куҷоҳо рафтанд. Баъдан ҷуғрофиёи фикри гуфтору андешеи ирфонии онҳоро таҳқиқ мекунем. Вақте мо осори устод Мирзо Шукурзодаро нигоҳ мекунем як масоҳати бузург ва ормони олии инсони имрӯзу фардо дар баробари мову шумо муҷассам мешавад. Аз ҷумла “Тоҷикон дар қаларамрави Ориёно” и Шукурзода инро собит мекунад” иброз намуд Фарзона.
"Ҷонпайванд", "Тоҷикон дар қаламрави Ориёно", "Размоварони ҳиндукуш", "Кимёгари дурри дарё", "Арҷномаи Мирзо Аҳмадзода", "Офтоб дар оина", "Фарёди фоҷиаи Афғонистон", "Тоҷикон дар масири таърих" аз зумраи асарҳои таълиф намудаи Шукурзодаанд, ки бо сабку услуби хос мавзӯъҳои худшиносию худогоҳӣ ва ғурури миллии мардуми тоҷикро инъикос намудааст.
Дар маҳфил ба ҳисоби намояндагони аҳли адаб, масъулини ҳукумати Суғд ҳам барои таҷлили камолоти эҷодӣ ва шодбошии ҷашни 70-солагии Мирзо Шакурзода ташриф оварданд.
Тоҷибой Султонӣ, мудири шуъбаи идеология ва робита бо ҷомеа дар ҳукумати Суғд, Шукурзодаро ба ҷашни камолоти эҷодиаш табрик намуда, туҳфа аз номи Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ки аз ҷомаву руймол ва корду ғилоф иборат буд, ба соҳибҷашн тақдим намуд.
Ин муҳақиқи тоҷик дар соли 1950 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шуда даврони мактабхонӣ ва навҷавонии ӯ дар Дилварзин дар ноҳияи Мастчоҳ ва ё мастчоҳи нав сипарӣ шудааст. Мирзо Шукурзода, дорои унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.