ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Ин ҳамоиш, ки мавзуъяш “Шеър – пайвандгари миллатҳо” буда, 27 январ дар кохи Маркази байналмилалии фарҳангии Узбакистон бар по шудааст.
Ба гузориши рӯзномаи узбакистонии “Овози тоҷик”, дар ин ҳамоиш беш аз 100 шоиру нависанда, устоду омӯзгор ва дӯстдорони шеъри тоҷикӣ аз вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Сурхондарё, Қашқадарё, Фарғона, Навоӣ, Бухоро ва Дизак ширкат кардаанд.
Дар ин ҳамоиш шоирони форсигӯи Узбакистон Абдулло Субҳон, Парисо, Дилшода Фарҳодзод, Асадуллоҳ Шукурзода, Расулбеки Аҳмадзод ва чанде аз дӯстдорони шеър намунаҳое аз сурудаҳои худ ва ашъоре аз бузургони шеъри форсиро бозхонӣ кардаанд.
Ҳунарпешаҳои номдор Раҳимҷон, Улуғбек ва гурӯҳи рақсии тоҷикдухтарон бо созу овозу рақс ин ҳамоишро базме аз шеъру тарона гардондаанд.