Ба ҳавопаймои украинӣ, ки дар Теҳрон суқут кард, ду мушак партоб шудаст - навор

© AFPКрушение украинского самолета в Иране
Крушение украинского самолета в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як корбари шабакаҳои иҷтимоӣ дар Эрон навори партоб шудани ду мушак ба ҳавопаймои украинӣ дар Теҳронро сабт ва дар шабакаи YouTube ҷо додаст. Феълан муаллифи ин навор боздошт гардидаст

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Нашрияи New York Times навореро мунташир намудаст, ки дар он лаҳзаи партоб шудани ду мушак ба ҳавопаймои украинии Boeing 737-800 сабт гардидаст.

Нашрия менависад, ки муаллифи ин навор як корбари интернет аз Эрон буда, камераи назоратӣ дар болои боми бино каме дуртар аз деҳаи Бидкон насб гардида будаст.

Спасатели на месте крушения самолета в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Аксари қурбониёни суқути ҳавопаймо донишҷӯён буданд, ки дар таътил ба аёдати хешон рафтанд

Аз навор чунин бармеояд, ки самти ҳавопаймо нахуст як мушак ва бо гузашти чанд сония мушаки навбатӣ партоб шудааст. Ҳавопаймо пас аз бархӯрдан бо ду мушак барои чанд дақиқа дар ҳаво чарх зад ва сипас оташ гирифта ба замин сарозер шуд.

Зимнан хабаргузории Рейтер иттилоъ додааст, ки муалифи наворро низомиёни Сипоҳи посдорони Интиқоли Исломӣ боздошт намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои  Boeing-737- и украинӣ  субҳи 8 – уми январ дар Эрон суқут кард.

Муроҷиати Зеленский ба шаҳрвандони Украина пас аз суқути ҳавопаймо дар Эрон

Ҳавопаймо аз фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон ба ҳаво бархост, вале бо гузашти ҳамагӣ 4 дақиқа аз родар нопадид ва суқут кард, ки дар натиҷа дасти кам 176 нафар, 168 сарнишин ва 9 халабони ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд.

Президент Ирана Хасан Роухани - Sputnik Тоҷикистон
Рӯҳонӣ расман аз раисҷумҳур ва мардуми Украина барои иштибоҳи бузург пӯзиш пурсид

Маълум гардид, ки савори ин ҳавопаймо шаҳрвандони 7 кишвар аз қабили Эрон, Украина, Канада, Шветсария, Афғонистон, Британияи Кабир  ва Олмон буданд.

Ҳасан Рӯҳонӣ раисҷумҳури Украина ба ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский дар робита ба суқути ҳавопаймои Boeing-737 тамос гирифт ва расман барои ин иштибоҳи бузург бахшиш пурсид.

Кишвардори Эрон тасдиқ намудаст, ки ҳавопайморо иштибоҳан низомиёни кишвараш ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

Ду фарзияи коршинос дар бораи сабаби суқути ҳавопаймо дар Эрон

Зимнан, Ҳасани Рӯҳонӣ зимни сӯҳбат ба Владимир Зеленский ваъда додааст, ки дастандаркорони ин ҳодисаи даҳшатбор ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Гузашта аз ин, Рӯҳонӣ қавл додаст, ки барои таҳқиқи мунсифонаи ин ҳаводис ба Украина ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард.

Ҳамчунин ҷуброни ин зарари калонҳаҷм ба Украинаро низ ҷониби Эрон ба зимма гирифтаст.

Лентаи хабарҳо
0