Пешбинии ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 23 то 25 январ дар ноҳияҳои кўҳии ҷумҳурӣ фаромадани зуҳуроти тарма пешгӯӣ мешавад. Дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои кӯҳию доманакўҳӣ яхбандӣ ва пайдоиши қабати барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  13-18 ва рӯзона 2-7  дараҷа хунук  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 30-35 ва рӯзона 18-23 дараҷа хунук мешавад.

Снегопад в Душанбе 24 февраля 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ аз сардшавии ҳаво, боришоту яхбандӣ ва лағзиши тарма ҳушдор медиҳад

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол  аз самти ғарб бо суръати  3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-14 дараҷа хунук  ва   рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар буда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф бошиддат борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-14 дараҷа хунук  ва  рӯзона аз 3 дараҷа хунук  то 2  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 5-7 дараҷа хунук ва  рӯзона 5+7 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0