Сӯҳбати Моҳпайкар аз хиёнати шавҳару хушдомани золим: дигар ба марде бовар надорам

© Фото : Из личного архива Мохпайкар ЁровойТаджикская актриса Мохпайкар Ёрова, архивное фото
Таджикская актриса Мохпайкар Ёрова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Моҳпайкар Ёрова мегӯяд, ҳарчанд 20 сол пеш аз шавҳараш ҷудо шуд, то ҳол натавонист ба марде дил бандад. Пешниҳодҳо зиёд буданд, ҳатто мардҳо мехостанд маро зани дувум кунанд, аммо ман ҳамчун зан ба худ ин чизро иҷозат намедиҳам, мегӯяд вай

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Моҳпайкар Ёрова ҳунарманди машҳури театр ва кино дар барномаи "Ногуфтаҳо"-и Орзу Исоев сӯҳбати ҷолибу дидание анҷом додааст.

Ӯ дар "Ногуфтаҳо" аз зиндагии шахсиаш гуфтааст. Ҳунарманд нақл кардааст, ки чигуна марди орзуҳояшро пайдо кард, дӯст дошту хонадор шуд, сипас зиндагонии мушкилеро аз сар гузаронид, ба ҳамаи ин тоб овард, аммо хиёнати шавҳарро бахшида натавонист ва дар натиҷа 20 сол аст, ки танҳост.

Ба нақли Ёрова, ӯ бо марди орзуҳояш дар Омӯзишгоҳи олии театри ба номи Шепкини Маскав вохӯрд. 

"Ман соли 1987 ба донишгоҳи Маскав дохил шудам. Рӯзи аввале, ки мо ба донишгоҳ ворид шудем, шавҳари ояндаам маро дида ошиқ шудааст. Сипас ман ҳам ба вай дил бастам", - мегӯяд вай.

Моҳпайкар мегӯяд, ҷавони ошиқ аз Туркманистон буд. Ӯ ба Душанбе ба хостгорӣ меояд ва соли 1993 онҳо тӯй карда, ба Ишқобод мекӯчиданд.

"Хонадони шавҳарам маро хуб қабул накарданд. Хушдоманам бо ман умуман гап намезад. Хӯроки дилҷустамро хӯрда наметавонистам ва ба ман иҷозат ҳам набуд. Хело харобу лоғар шудам, то дараҷае, ки вақте ба Душанбе омадем, модарам маро нашинохт", - меафзояд вай.

Ҳунарманд гуфтааст, аз ин марҳилаи мушкили зиндагӣ низ гузашт, онҳо ба Душанбе кӯчиданд, ба Моҳпайкар падараш мошину хона харид ва шавҳараш тиҷорати худро ташкил кард. 

"Зиндагиам хуб буд, аммо шавҳарам муфлис шуд ва мо хонаву мошинамонро фурӯхта, ба қарзҳои ӯ додем. Аммо мушкилӣ сари дигар чиз сар зад. Муносибати ману шавҳарам сард гашт  ва вақте хабардор шудам, ки вай ба ман хиёнат мекунад, аз ӯ ҷудо шудам", - ба хотир меорад Ёрова.

Моҳпайкар Ёрова: ҳунари ман даҳ сол зери парда нуҳуфта буд

Ҳунраманд аз марди туркманистонӣ, ки тоҷик будааст, ду фарзанд дорад. Ӯ мегӯяд, шавҳараш баъди бист сол боз дар зиндагиаш пайдо шуд, аммо ӯ ва писаронаш вайро қабул накарданд. 

"Ман ӯро кайҳо бахшидаам, аммо дилам аз мардҳо мондааст. Ба ман пешниҳоди издивоҷ зиёд мекунанд, бахусус пешниҳоди зани дувум шудан, аммо ман ба худ ин чизро иҷозат намедиҳам", - қайд мекунад ӯ.

Ёрова гуфтааст, ки ба ҳамаи омаду ноомадҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, аз ҳаёташ розӣ ва хушбахт аст.

Лентаи хабарҳо
0