ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 21 - уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара рух дода буд.
Манбаъ меафзояд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Наврӯзов Муродҷон, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи П.Абдуллоев, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархаронро пахш намуд.
Садамаи маргбор: ҳалокати дучархарон ва пиёдагарди 32 - сола
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дучархарон Абдуқодиров Фармон, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри мазкур буда, дар ҳолати мастӣ дар мобайни роҳ ба замин афтида будааст.
Гуфта мешавад, дучархарон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.