“Забони стратегӣ”: ҳузури Русия дар маорифи Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевПосол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов
Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, ҷойгоҳи забони русӣ дар Тоҷикистон ниёз ба тақвият дорад, аз ин хотир, кишвараш тасмим гирифтааст дар низомии таълимии шарики стратегии худ саҳм бигирад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Игор Лякин – Фролов, ки дар як нишасти матбуотӣ дар робита бо ихтисоси бурсияҳои таҳсилии Русия барои довталабони тоҷик сӯҳбат мекард, гуфт, бахусус дар манотиқи дурдусти Тоҷикистон дониши забони русии мардум коҳиш ёфта, дар сатҳе нест, ки мо мехоҳем.

Пресс-конференция Россотрудничества по вопросам квотной кампании поступления граждан Таджикистана в российские вузы в 2020-2021 учебном году - Sputnik Тоҷикистон
"Ҳамин тавр шуд": Тоҷикистон аз ҳама бештар бурсияҳои Русияро ба даст овард

“Ин ҷо дар Душанбе вазъ каму беш хуб аст. Мардум мегӯянд, ҳатто дар Душанбе низ, ба мушоҳидоти шахсии ман, вақте шумо ба бозор меравед ва бо бачаҳои ҷавон, 20 - сола, шурӯъ ба сӯҳбат мекунед, онҳо ба забони русӣ ҷавоб дода наметавонанд. Онҳо умуман ҳарф намезананд, ҳатто ададҳоро ҳам намедонанд. Мепурсӣ, ки қимат чанд аст, наметавонанд ҷавоб диҳанд. Ва ин бад-он маънӣ аст, ки амалан ҳеҷ донише аз забон вуҷуд надорад. Мутаассифона, ин як воқеият аст”, - гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон.

Ҳузури забони русӣ дар қаламрави таърихӣ ва кунунии Тоҷикистон ба асри 19 бармегардад ва дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ин кишвар ҷузъе аз он ба шумор мерафт, ҷойгоҳи баланде дошт. Аз ҷумла дастрасии мардуми Тоҷикистони шӯравӣ ба адабиёти илмиву бадеии ҷаҳонӣ маҳз тариқи ин забон сурат мегирифт. Забони русӣ ба забони илму сиёсат ва иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфта буд ва муҳимтарини осори илмӣ, назири “Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров, дар оғоз ба ин забон навишта, сипас ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Дар замони истиқлолият ва ба мақоми забони давлатӣ расидани забони тоҷикӣ, забони русӣ, тибқи моддаи 2 Сарқонуни Тоҷикистон, мақоми забони муоширати миёни миллатҳоро ҳифз кард. Аммо ба далели пеш гирифтани “сиёсати дарҳои боз” Тоҷикистон равобити худро бо бақия кишварҳои ҷаҳон густариш дод, ки мӯҷиби афзоиши таваҷҷӯҳ ба забонҳои дигари ҷаҳонӣ, назири инглисӣ ва чинӣ шуд.

Дилафрӯз Карима ғолиби озмуни Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Аз миёни 5 нафар: Дилафрӯз Каримова - «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019»

Сафири Русия дар Тоҷикистон дар посух ба ин суол, ки оё ташвише аз хатари забонҳои дигар ба забони русӣ дорад, посухи рад дод, аммо афзуд, ҳамеша омода ба рақобати солим ҳастанд ва ҳаққи ҳузури дигар забонҳоро дар баробари забони русӣ дар Тоҷикистон эҳтиром мекунанд. Вай гуфт, ҳоло забони русӣ асоси иқомати Тоҷикистон дар як фазои чандбӯъдӣ бо Русия ва асоси тавсеаи равобити ояндаи ду кишвар аст.

“Мо бо дӯстони тоҷики худ дар ҳамкории наздик ҳастем, ҳама корҳои мумкинро барои тақвияти забон русӣ ва ҳифзи ҷойгоҳи он анҷом медиҳем. На фақат дар ҳавзаи низомӣ, низомӣ - сиёсӣ, иқтисодӣ, балки муҳиммтар аз ҳама дар ҳавзаи башарӣ, ки самти ояндадори равобити мо аст”, - гуфт Игор-Лякин Фролов.

Вай афзуд, дар амри ҳифз, пуштибонӣ ва тақвияти омӯзиши забони русӣ бо мутахассисони Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем.

Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Таджикистана Шукурджон Зухуров - Sputnik Тоҷикистон
Маҷлис созишномаи Тоҷикистону Русияро ба тасвиб расониду Зуҳуров нигарон шуд: кадр нест

“Хуб мебуд, агар низоми омӯзиши забони русӣ чандзинаӣ ба роҳ монда шавад. Ба ман маълум аст, ки қисмати зиёди яслӣ ё боғчаҳои бачагона аз забони русӣ кор мегиранд ва волидайн бо хоҳиши худ фарзандонашонро ба он муассисаҳо мебаранд”, - гуфт Игор Лякин Фролов.

Мактаби миёна

Сафири Русия дар Тоҷикистон бо зикри ин ки ду кишварро равобити чандасра, мушорикати стратегӣ ва дӯстии шахсии раҳбарони ду кишвар муттаҳид мекунанд, гуфт, Русия аз талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои рушди низоми модерни маориф пуштибонӣ мекунад ва дар садади эҷоди як фазои умумии маориф аст. Вай афзуд, аз ин хотир, Русия мехоҳад дар тақвияти таълими томактабиву мактабӣ ва олии Тоҷикистон саҳм бигирад ва аз ин роҳ омӯзиши забони русиро густариш диҳад.

Муаррифии нашри нави китоби Тоҷикон дар Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон
Дайн пеши Ғафуров ё моҷарои чопи “Тоҷикон” дар Кобул - қисми 1

“Дар тақвияти ҷойгоҳи забон русӣ, як тарҳи башарӣ, ки тавассути вазоратҳои маорифи ду кишвар таҳти назорати Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия рӯи даст гирифта шудааст, аз аҳамияти вежае бархӯрдор аст. Шумо медонед, 50 омӯзгори мо, мутахассисони бисёр моҳир ин ҷо ҳузур доранд. Онҳо дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон машғул ба кор ҳастанд ва онҳо дар омӯшиши забон русӣ ва ироаи кумакҳои методӣ ба муаллимони маҳаллӣ саҳм мегиранд. Густариши ин тарҳ аз шарикони тоҷики мо бастагӣ дорад. Мо бояд рӯи он кор кунем”, - мегӯяд сафир.

Тарҳи дигаре, ки сафири Русия дар Тоҷикистон сараш тафсир кард, сохтмони 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон аст, ки созишномаи он ба қарибӣ дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид. Бино ба созишнома миёни Тоҷикистону Русия, ки моҳи апрели соли 2019 аз сӯи раисҷумҳурони ду кишвар имзо шуд, Русия сохтусоз ва таҷҳизонидани панҷ мактаби русӣ дар панҷ шаҳри бузурги Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзодаро анҷом хоҳад дод, ки ҳар яке 1200 курсӣ хоҳанд дошт.

Ежегодная большая пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон
Путин гуфт, чӣ гуна муҳоҷирон дар Русия роҳат бошанду бумиҳоро ошуфта накунанд-видео

“Дар ин мактабҳо омӯзиш ба забони русӣ сурат мегирад. Барномаи таълим дар Русия таҳия мешавад. Мо умедворем, ки тайи 2-3 соли дигар онҳо фаъолияти худро оғоз кунанд", - гуфт Игор Лякин – Фролов.

Сафири Русия ҳамчунин аз талаботи зиёд ба макотиби русӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт, мардум худ фарзандонашро меоранд, то забони русӣ омӯзанд. Вай гуфт, шурӯъи кори мактаби русии №14 – и шаҳри Душанберо бесаброна интизоранд, ки дар ҳоли сохтан аст ва изҳори умедворӣ кард, ки то соли таҳсили нав ба истифода дода хоҳад шуд.

“Худо кунад, ки чунин шавад ва дуо мекунем, ки зудтар анҷом ёбад”, - гуфт сафир.

Певица Manizha Манижа Сангин (Хамраева) - Sputnik Тоҷикистон
Манижа Сангин: "ман миёни Тоҷикистон ва Русия мондаам"

Мактаби №14 яке аз қадимтарин макотиби русии Тоҷикистон аст, ки соли 1952 сохта шуда, соли 2018 дар пайи иҷрои Нақшаи генералии шаҳри Душанбе тахриб шуд. Ин мактаб тобеъи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва аз мақоми махсус бархӯрдор буда, ҳудуди 1300 хонандаро бо таҳсил ба забони русӣ фаро мегирад. Шаҳодатномаҳои он мусовӣ бо шаҳодатномаҳои макотиби Русия аст.

Сафири Русия дар Тоҷикистон ҳамчунин аз мактаби 7 – и шаҳри Кӯлоб ёдовар шуд, ки дар пайи хуруҷи нерӯҳои 201 – и Русия дар соли 2015 аз ин шаҳр баста шудааст. Вай гуфт, мо бо иттифоқи ҳамкорони тоҷики худ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ додем, то онро ҳифз кунем.

Ученики школы Дангаринского района - Sputnik Тоҷикистон
Гуфтаҳои Раҳмон таъсир кард: роҳандозии омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар кӯдакистон

“Он як мактаби хуб муҷаҳҳаз ва пас аз таъмир буд. Тамоми таҷҳизоту заруриётро дошт. Мо тавонистем, онро нигаҳ дорем ва ҳоло раванди дар ихтиёри ҷониби Тоҷикистон қарор додани он идома дорад. Он ҷо 300 талаба мехонанд. Худо кунад, ки ин мактаб ҳифз шавад. Ин танҳо мактаби чунин навъ дар ҷануби Тоҷикистон аст”, - гуфт Игор Лякин – Фролов.

Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳоло танҳо дар Душанбе ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ 32 мактаби пурра русӣ ва 170 мактаби омехтаи тоҷикиву русӣ фаъолият доранд.

Макотиби олӣ

Ҳузури макотиби олии Русия дар умури таҳсилоти олии Тоҷикистон низ хеле барҷаста аст. Ба қавли сафир, ҳоло дар муассисаи муштараки ду кишвар - Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва шоха ё филиалҳои Донишгоҳи Ломоносови Маскав, Донишкадаи миллии технологии таҳқиқотӣ (Донишгоҳи фӯлоду хӯлаи Маскав) ё «МИСиС» ва Донишкадаи энергетикии Маскав (МЭИ) дар Душанбе 6 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.

Занятия по китайскому языку - Sputnik Тоҷикистон
Бефарҳангӣ: раисиҷумҳур дар бораи онҳое, ки забонҳои хориҷиро медонанду модариро не

“Ҳамсоягони шумо, ӯзбекҳоро дар назар дорам, дар он чӣ марбут ба шохаҳои макотиби олии Русия аст, каме аз Тоҷикистон пеш гузаштаанд. Ба қарибӣ он ҷо шохаи Донишгоҳи давлатии равобити байнулмиалӣ (МГИМО) ба кор шурӯъ кард, ки хато накунам, 11 – умин шохаи донишгоҳҳои олии Русия дар Ӯзбекистон аст”, - гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон.

Ҳамзамон Игор Лякин – Фролов ба нақши барҷастаи Русия дар қабули донишҷӯёни тоҷик ба макотиби олии худи Русия ишора карда, гуфт, кишвараш беш аз ҳама кишварҳои ҷаҳон дар ин росто саҳм дорад. Тибқи иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳоло дар макотиби олии Русия 24 ҳазору 604 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки аз ин теъдод маблағи таҳсили ҳудуди 18 ҳазор нафар ё беш аз 70% аз буҷаи Русия тамом мешавад. Ахиран Русия барои довталабони тоҷик 630 бурсия барои таҳсил дар 36 донишгоҳи худ таъсис дод, ки ба қавли сафири Русия дар Тоҷикистон, аз ҳама бештар дар миёни кишварҳои ИМД ва далели мушорикати стратегиву омодагии кишвараш барои омода кардани мутахассисон барои Тоҷикистон аст.

Лентаи хабарҳо
0