ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Путин зимни посух ба суол дар бораи он, ки оё мешавад, коҳиши аҳолии Русияро аз ҳисоби муҳоҷирон, аз ҷумла аз кишварҳои ҷануби собиқ шӯравӣ пӯшонд, таъкид намуд, ки муҳоҷирон барои иқтисоди Русия муҳиманд.
Ӯ зимни нишасти матбуотии солонааш ба суол дар мавриди муҳоҷирону норозигии сокинони таҳҷоӣ таъкид намуд, ки Русия бояд дар кишварҳои Осиёи Миёна мактабҳои русӣ кушояду намояндагиҳои муассисаҳои олии таълимиро ифтитоҳ созад.
Путин гуфт, бархӯрди сокинони Русия бо муҳоҷирон аз Украина, Белорусия ва Молдова оромтар аст, чун бо забону фарҳанги русӣ баладанд.
“Мутобиқшавӣ барои муҳоҷирон аз Осиёи Миёна мушкилтар аст. Он ҷо мо бояд низоми таълимро роҳандозӣ кунем, курсҳои забони русӣ кушоем, мактабу намояндагиҳои донишгоҳҳои Русия созем. Он гоҳ афроде, ки ба ин ҷо меоянд, худро роҳаттар эҳсос хоҳанд кард”, - изҳор дошт Путин.
Ӯ тавзеҳ дод, ки чунин иқдом нороҳатии мардуми таҳҷоиро аз муҳоҷирон коҳиш хоҳанд дод.
“Ва чунин нороҳатии сокинони бумӣ, вақте беэҳтиромӣ нисбат ба фарҳангу таърихамонро мебинанд, нахоҳад буд. Ин на танҳо ба зодагони Осиёи Миёна рабт дорад. Инчунин ба муҳоҷирони дохилӣ, гӯем аз Қафқози шимолӣ низ дахл дорад. Ҳозир мо дар бораи Чеченистону Доғистон гуфтем. Бархе чунон рафтор мекунанд, ки дар хонаи худашон ба худ иҷоза намедиҳанд. Ин ҳам боиси нороҳатӣ мешавад. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо бояд муҳоҷирати мардумро мамнуъ кунем”, - тавзеҳ дод Путин.
Ӯ таъкид намуд, ки барои иқтисоди Русия муҳоҷирон хеле муҳиманд ва афзуд аллакай набуди теъдоди зарурии одамон ва мутахассисони лозимӣ дар бозори меҳнат монеи рушди иқтисодиёт шудааст.
Путин таъкид намуд, ки ба масоили муҳоҷират бояд аз хирад кор гирифту бархӯрди мувофиқ кард.
Инчунин раисиҷумҳури Русия дар бораи муносибати байни миллатҳо дар Русия гуфта, таъкид намуд, ки ин аз ҷумлаи муҳимтарин масоил дар кишвар мебошад.
Ӯ барои сиёсатмадорони феълию оянда муҳим хонд, ки набояд тасимҳое гирифта шаванд, ки ризоияти миллиро халалдор кунанд. Путин тавзеҳ дод, ки зиндагӣ мушкил аст, Русия кишвари мураккаб ва сермиллат буда, бархе мушкилоте, ки ҷой доранд бояд бартараф шаванд.
“Ҳар нафаре, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, бояд эҳсос кунад, ки ин хонаи ӯст ва хонаи дигаре надорад”, - изҳор дошт Путин дар ҷамъбасти нишасти матбуотӣ.