Узбакистон харидори асосии сементи Тоҷикистон

© Sputnik / Евгений Козырев / Гузариш ба медиабонкЦементный завод, архивное фото
Цементный завод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гузориш дод, ки соли 2019 дар Тоҷикистон 4,2 миллион тонна семент тавлид шуд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ба гузориши Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар соли 2019 ба андозаи 1 миллиону 546 ҳазор тонна семент ба кишварҳои ҳамсоя содир шуд, ки ин шумор дар муқоиса бо соли 2018 ҳудуди 150 ҳазор тонна афзоишро нишон медиҳад.

Грузовые контейнеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон содироти маҳсулоташро ба бозорҳои ҷаҳонӣ афзоиш додаст

Буҷаи давлатӣ аз содироти семент 68,1 миллион доллар дарёфт кард, хабар додаст ТоҷикТА. Дар ин муддат ҳаҷми содироти семент ба Узбакистон 890 ҳазор тонна, ба Афғонистон 576 ҳазор тонна ва ба Қирғизистон 80,6 ҳазор тонна буд.

Тавлидкунандагони аслии семент дар ҶТ ширкатҳои муштараки “Чунгтсай Моҳир семент”, “Хуаксин Ғаюр семент” ва “Хуаксин Ғаюр Суғд семент” мебошанд. Ҳудуди 90 дарсади сементи дар ҶТ тавлидшуда саҳми ин се ширкат мебошад.

Дар кулл беш аз 18 корхона дар Тоҷикистон ҳоло симон тавлид мекунад.

Лентаи хабарҳо
0