Шавкат Мирзиёев: замони ҳукмронии Ислом Каримов даврони тарсу ҳаррос буд

© Фотохост-агентство / Гузариш ба медиабонкИслам Каримов, архивное фото
Ислам Каримов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон вакилони мардумӣ замони ҳукумронии Ислом Каримов, бо усули “ҳарчи бештар хомӯш бошӣ, ҳамон қадар беҳтар аст” фаъолият мекарданд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон зимни суханронӣ назди Парлумони тозаинтихобшуда гуфт, замони ҳукмронии Ислом Каримов дар ҷумҳурӣ даврони тарсу ҳаррос буд, иттилоъ додааст “Газета.uz”.

“Мо дар замони тарсу ҳарос зиндагӣ мекардем” – таъкид намудааст Мирзиёев.

Шавкат Мирзиёев возложил цветы к могиле Ислама Каримова - Sputnik Тоҷикистон
Мирзиёев дар оромгоҳи Ислом Каримов гулдаста гузошт

Ба гуфтаи раисҷумҳури феълии Узбакистон, вакилони мардумӣ замони ҳукмронии Ислом Каримов, бо усули “ҳарчи бештар хомӯш бошӣ, ҳамон қадар беҳтар аст” фаъолият мекарданд.

Мирзиёев аз вакилони мардумӣ даъват кард, ки дар марҳилаи бозсозии кишвар фаъолтар, инчунин ҷасуру боҷуръат бошанд.

Ҳамзамон раисҷумҳури Узбакистон аз вакилон даъват кард, қонунҳое, ки ба нафъӣ мардум нестанд, қабул карда нашаванд.

Ба гуфтаи Шавкат Мирзиёев, дар ҳоли ҳозир, муҳим барқарор намудани робита миёни мардум ва ҳукумат аст.

“Ин низом бояд ҳимин гуна бояд кор кунад, ки интихобкунанда тавонад аз фаъолияти ҳаррӯзаи вакилон назорат намояд, лоиаҳои қонунро баррасӣ карда, назари худро дар бораи онҳо баён намоянд” – таъкид доштааст Шавкат Мирзиёев.

Ёдрас мешавем, Ислом Каримов аз соли 1989 Узбакистонро роҳбарӣ мекард. Ӯ моҳи сентябри соли 2016 пас аз сактаи майнаи сар даргузашт. Раисҷумҳурро дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд ба хок супориданд.

Ислом Каримов чор маротиба - дар солҳои 1991, 2000, 2007 ва 2015 дар интихоботи президентӣ пирӯз шуда буд.

Дар 27 соли роҳбарӣ расман дар бораи бемории раисҷумҳур хабаре дода намешуд. Аммо расонаҳо менавиштанд, ки Каримов чанд бемориро аз сар гузаронидааст.

Лентаи хабарҳо
0