Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Фармонҳои Раҳмон: аз барканории Зокирзода то Тағойзодаю Шоҳмурод

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон на заседании Совета коллективной безопасности ОДКБ
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на заседании Совета коллективной безопасности ОДКБ  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо судури як фармон, муовини сарвазири Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоирро аз вазифа озод кард

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Муовини сарвазири Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазифа озод шуд.

Эмомали Рахмон на заседании правительства 29 февраля 2016 года  - Sputnik Тоҷикистон
Фармон: Президент теъдоди мақомдорони марказии Ожонси зидди фасодро кам кард

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Зокирзода бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сарвазири Тоҷикистон барканор гардид.

Ҳамзамон бо фармони роҳбари давлат Вазири адлияи Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам низ аз вазифа озод шуд.

"Шоҳмурод Рустам бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад", - омадааст дар хабар.

Зимнан,бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Тағойзода Сумангул Саид низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон озод гардид.

Фармонҳои мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Манбаъ меафзояд, Қодирзода Аюбҷон Қодир бо хоҳиши худаш аз вазифаи судяи суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд барканор карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0