Фармон: Президент теъдоди мақомдорони марказии Ожонси зидди фасодро кам кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон на заседании правительства 29 февраля 2016 года
Эмомали Рахмон на заседании правительства 29 февраля 2016 года  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармон дод, ки теъдоди кормандони дастгоҳи марказии Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод коҳиш дода шавад

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Бар асоси фармони раисиҷумҳур, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи август имзо кард, теъдоди кормандони дастгоҳи марказии Ожонси мубориза бо фасод кам карда шуда, 209 нафар муқаррар гардид. Қаблан ин нишондод 222 нафарро ташкил медод ва бар асоси фармони ҷадиди раисиҷумҳур шумораи кормандони дастгоҳи марказӣ ба 209 нафар расонда шуд.

Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи муҳосибҳо дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон

Феълан шумораи умумии кормандони Ожонси зидди фасод 479 нафар, аз ҷумла 209 нафар барои дастгоҳи марказӣ муқаррар шудааст.

Ожонси зидди фасод, моҳи январи соли 2007 бо фармони раисиҷумҳур таъсис ёфта, дар аввал теъдоди воҳиди корӣ барои ин ниҳод 587 адад муқаррар шуда буд.

Чанд сол қабл Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният, зимни таҳлили фаъолияти Ожонси зидди фасод, аз коргарони ин ниҳод шадидан интиқод намуда, изҳор дошт, ки худашон даст ба фасод мезананду бо корхонаҳое, ки мавриди санҷиш қарор медиҳанд, вориди савдо мешаванд.

"Ман медонам, инҳо ба чӣ кор машғуланд. Он қадар шумораатон зиёд нест. Агар ҳамин стили кориятон бошад, ин сохторро барҳам медиҳам. Қисматон барои худатон кор карда истодаед, проблема эҷод карда истодаед", - ҳушдор дода буд раисиҷумҳур.

Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи ҷиноии Мираков, мансабдори “Барқи тоҷик”: 96% пули барқро аз худ кардаст

Раисиҷумҳур аз санҷишҳои тӯлонии ғаразноки кормандони Оҷонсӣ дар бархе аз корхонаҳо зикр карда, гуфт, натиҷаи санҷишро дар даруни дипломат нигоҳ дошта, савдо мекунед.

“Ҳамин қадар медиҳед, ман шумода навишта медиҳам. Ё пеш аз санҷиш рафтан, ман омада истодаам, тайёриятонро бинед. Ман барои чӣ имрӯз бо эҳсосот дар ин бора гап мезанам, чунки ман худам ин сохторро ташкил додам. Бо дасти худам ин сохторро дар ВУД барҳам додам. Ман хулоса баровардам, чӣ қадар сохторҳои назоратӣ зиёд шаванд, ҳамон қадар сатҳи коррупсия зиёд мешудааст”, - гуфта буд раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буд, ки раёсат дар интихобу таъини кормандон дар Ожонси мубориза бо фасод дақиқкор бошанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки мардум бояд ҳаракату даромаду зиндагии ҳамаи мо-хизматчиёни давлатиро донад.

Лентаи хабарҳо
0