ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар фармоне, ки рӯзи 21 январ содир шудааст омада, ки Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Тағйироти кадрӣ: Раҳмон масъулини соҳаи маорифро ҷо ба ҷо кард
То ин дам дар курсии вазири адлия Рустами Шоҳмурод такя зада буд. Ӯ бо фармони дигари Президент аз мақоми вазири адлия барканор шуд. Шоҳмурод аз ҷониби Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шудааст.
Се амри Президент: муовини якуми Озода Раҳмон аз кор озод шуд
Ҳамчунин бо фармони дигари Президент Ҷабборзода Гулрӯ вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин вазифа ӯ Тағойзода Сумангул Саидро, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод шуд, иваз кард.
Котиботи раисиҷумҳур афзуда, ки фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавнд.