Ҳукумати Узбакистон ба истеъфо рафт

© senat.uzПленарное заседание Сената Олий Мажлиса Республики Узбекистан
Пленарное заседание Сената Олий Мажлиса Республики Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи қарори Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ҳайати ҳукумати феълӣ то ташкили кабинаи нав фаъолияти худро идома хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ҳукумати Узбакистон дар ҳузури Парлумони ҷадид истеъфо дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Парлумони ин кишвар.

Премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон содироти газро аз соли 2025 мамнӯъ мекунад

“Мутобиқи моддаи 98 Конститутсияи Узбакистон кабинаи вазирони Узбакистон дар ҳузури Парлумони тоза интихобшуда истеъфо дод. Парлумони Узбакистон дар ин бора қарори дахлдорро қабул кардааст” – таъкид додааст манбаъ.

Манбаъ зикр намудааст, тибқи қарори Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ҳайати ҳукумати феълӣ то ташкили кабинаи нав фаъолияти худро идома хоҳад дод.

Парлумон номзадии нахуствазири ҷадидро дар маҷлиси муштараки Парлумон ва Маҷлиси олии Узбакистон, ки қарор аст 21 январ баргузор гардад, баррасӣ хоҳад кард.

Парлумони ду палатаӣ дар Узбакистон бори аввал соли 2005 ташкил ёфта буд.

Интихоботи парлумони дар Узбакистон санаи 22 декабри соли 2019 баргузор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0