ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Узбакистон итиқоли газро ба кишварҳои хориҷӣ муваққатан қатъ мекунад, гузориш медиҳанд расонаҳои кишвар.
Бино бар иттилои манобеъ, нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов далелеи ин иқдоми кишварашро зиёд будани талаботи дохилӣ гуфтааст.
"Содироти гази ин кишвар аз соли 2025 ба далели истифода дар саноеи дохилӣ қатъ хоҳад шуд", - таъкид кардааст Орипов.
"Тоҷиктрансгаз" аз Узбакистон 70 миллион метри мукааб газ харид
Тавсиаи бахши сӯхти энергия яке аз бахшҳои калидии иқтисод аст ва тибқи барнома, то соли 2025 -и мелодӣ тавлидоти энергия тақрибан ду баробар, фаровардаҳои нафтӣ 1, 8 баробар, истихроҷи гази табиӣ 1, 2 баробар ва кумур 3, 3 баробар афзоиш хоҳад ёфт, афзудааст вай.
Узбакистон аз лиҳози истихроҷи гази табиӣ мақоми дуввумро дар байни кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ дорад ва яке аз 10 кишвари истихроҷкунандаи гази табиӣ дар ҷаҳон мебошад.
Ин кишвар ҳамчунин солона 61 миллиард метри мукааб гази табиӣ тавлид ва бахше аз онро ба Чин ва Русия содир мекунад.