ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Мудири кулли Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” Хайрулло Сафарзода дар рафти маҷлиси васеи Ҳукумат ба раисҷумҳури Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ ҳисобот додааст.
Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш медиҳад, президент Эмомалӣ Раҳмон баъди шунидани гузориши Сафрзода, чанд супориши қатъӣ додааст.
Гуфта мешавад, супоришҳо иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ, истифодаи мақсадноки буҷа дар сохтмони "Роғун" ва сари мӯҳлат ба истифода додани НБО-ро дар бар мегирифтанд.
"Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода додани Неругоҳи барқи обии “Роғун” супоришҳои қатъӣ доданд", - менависад дафтари матбуот.
Пештар хабар дода шуд, ки нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва “Ширкати алюминийи Тоҷик” аз феҳристи объектҳое, ки хусусӣ гардонда намешаванд, хориҷ карда шуданд.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта тағйироти мазкур ба қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”-ро, ки Ҳукумати кишвар пешниҳод кард, қабул намуд.
Бар асоси тағйирот, ки лоиҳаи онро раисиҷумҳури Тоҷикистон 30 декабри соли гузашта имзо карду Маҷлиси намояндагон ҳафтаи пеш пазируфт, аз моддаи 9-и қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”, калимаҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” хориҷ карда шуданд.
Моддаи 9-и қонуни мазкур дар бораи объектҳоест, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва дар он таъкид шудаст, “амволи нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, нерўгоҳи барқи обии “Роғун” ва корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” хусусӣ гардонида намешаванд”.
Бо қабули тағйироти ахир, “Роғун” ва “Ширкати алюминийи тоҷик” аз ин феҳрист хориҷ гардиданд.