ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, сонеҳаи нақлиётӣ 19-уми январ, тахмин соати 09:00 дар ҳоле рух дод, ки мошини “КИА РИО” таҳти идораи Саъдӣ Нуралиев, сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, аз самти ноҳияи Файзобод ба сӯи шаҳри Роғун ҳаракат дошт.
Манбаъ афзуд, ронандаи “КИА РИО” дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21010”, таҳти идораи Кабутов Мирзоалӣ, сокини 33-солаи шаҳри Роғун, бархӯрдааст.
“Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21010”, Раҳимов Сулаймон Салимович, соли таваллудаш 1987 ва Каримова Шаъмигул Олимовна, соли таваллудаш 1959, сокинони шаҳри Роғун, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - омадааст дар иттилоия.
ВУД афзуд, ки ронандаҳо ва 5 мусофири дигари мошинҳо - Чақалов Ҷонибек, сокини 38-солаи шаҳри Роғун, Азамова Моҳрухсори 43-сола аз ноҳияи Файзобод, Холиқов Суҳроби 25-сола ва Зоирова Дилороми 41-сола, сокинони шаҳри Душанбе ва Буриева Урунаи 36-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мақомот таъкид намуданд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.