ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Маросими видоъ бо шаҳрвандони кушташудаи Украина дар суқути ҳавопаймо дар Эрон, дар фурудгоҳи ин кишвар - Бристол баргузор мешавад, хабар медиҳад РИА Новости.
Тобути 11 шаҳрванди Украина, ки дар паи сарнагун шудани ҳавопаймои ин кишвар дар Теҳрон ҷон бохтанд, рӯзи 19-уми январ ба Киев расид.
Дар қисми пӯшидаи ин маросим хешу ақрабо ва ҳамкорони қурбониён, раҳбариятии олии кишвар аз ҷумла президенти Украина Владимир Зеленский ва сарвазир Алексей Гончарук ширкат мекунанд.
Пас аз соати 13:00 бо вақти маҳаллӣ ҳар кас метавонад бо кушташудагон видоъ кунад ва пасон тобутҳоро барои ба хок супурдан ба хешовандони қурбониён медиҳанд.
Ёдрас мешавем, ки субҳи 8 январ дар наздикии Теҳрон дар пайи суқути ҳавопаймои Boeing-737 Киев-Теҳрон бештар аз 180 нафар ба ҳалокат расиданд.
Ҳавопаймо ба ширкати украинӣ тааллуқ дошт ва бештари мусофирон шаҳрвандони Эрон буданд.
Украина барои қурбониёни суқути Boeing дар Теҳрон мотам эълон кард
Зимнан, 63 нафари ҳалокшудагони ин ҳодисаро шаҳрвандони Канада, 11 нафар аз Украина, 10 шведӣ, 12 тан шаҳрвандони Афғонистон, 3 нафар аз Олмон ва 3 тани дигар аз Британияи Кабир ташкил медиҳанд.
Хурдсолтарин қурбонии ин ҳодисаи даҳшатбор ҳамагӣ як сол доштааст.