Ҷумъазода: Раҳмон 2019-ро барои Тоҷикистон бобарор гуфт

Обуна шудан
Ин нуктаро раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода зимни тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ изҳор намудааст

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар шаҳри Ҳисор вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ вобаста ба муҳтавои нуктаҳои муҳими паёми Президент бо иштироки фаъолон ва аҳли зиёи шаҳр баргузор шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода зимни тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ изҳор намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон соли 2019-ро дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор арзёбӣ намуд.

Татбиқи чорабиниҳои муайяншуда дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон б арои солҳои 2016-2020» барои расидан ба ҳадафи олии ҳукумат, хусусан  баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат намуд.

Рустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Қарори нави Рустам Эмомалӣ: гурӯҳи корӣ ба таблиғи паёми президент оғоз мекунад

Таъкид шудааст, ки Президент дар Паём тамоми самтҳои давлатдориро бори дигар таҳлилу баррасӣ намуда, вазифаҳоро барои фаъолият дар соли ҷорӣ тарҳрезӣ кардааст. 

Дар вохӯрӣ бо дахли рушди соҳаҳои  иқтисодию иҷтимоӣ, ки дар Паём махсус зикр гардидааст,  гуфта шуд, ки дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонию бунёдкорӣ бомаром идома дорад.  

Ба ифтихори 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 767 иншоот  пешбинӣ гардида,  204 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Лентаи хабарҳо
0