Занеро, ки Раҳмон дар навор диду таъриф кард: навсозии хонаю тақдими пул-аксҳо

© шуъбаи иттилооти мақомоти иҷроияи ХатлонҚурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҳангоми аёдати Саодат Хоҷаева, зани маъюб
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҳангоми аёдати Саодат Хоҷаева, зани маъюб - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ба аёдати Саодат Хоҷаева, маъюби гуруҳи якум, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ рафта, аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон туҳфаҳои пуливу молӣ расондаст

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҳукумати Хатлон хабар дод, ки айни замон мақомоти иҷроияи ноҳияи Восеъ хонаи истиқоматии хонаводаи Хоҷаеваро навсозӣ карда истодааст.

Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон
Пул ҳаст: Бонки миллӣ гуфт, дар набудани пули нақд худи ташкилотҳои қарзӣ айбдоранд

Қурбон Ҳакимзода зимни аёдат дастур додааст, ки дар баробари азнавсозии манзили зист, гирду атрофи хонаи Саодат Хоҷаеваро сафолакпӯш намоянд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахираш ба парлумон аз  Саодат Хоҷаева тавсиф кард, ки сарфи назар аз он, ки аз дасти гиро маҳрум аст, бо пойҳои худ ба корҳои кишоварзӣ машғул шуда, аз ин ҳисоб рӯзгори худро пеш мебарад.

Раҳмон гуфт, навори кору зиндагии Хоҷаева Саодатро дид, ки "бо пояш замини наздиҳавлигияшро каланд мекунад, се фарзанд дорад, шавҳараш ҳам маъюб аст, бо пойҳояш хӯрок мепазад, дарз медӯзад, тамоми шароити рузгорро пеш мебарад ва аз зиндагӣ руҳафтода нест”.

© дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи вилояти ХатлонҚурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҳангоми аёдати Саодат Хоҷаева, зани маъюб
Занеро, ки Раҳмон дар навор диду таъриф кард: навсозии хонаю тақдими пул-аксҳо - Sputnik Тоҷикистон
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҳангоми аёдати Саодат Хоҷаева, зани маъюб

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Раҳмон ба баъзеҳо Худо чашму бинию ҳушу дасту по додаст, аммо хушашон намеояд, ки замини наздиҳавлигияшонро кишт кунанд.

“Бо як нафақаи ночиз аз зиндагӣ руҳафтода нагардидаст, зиндагӣ худаш мубориза аст”, - тавсиф кард Эмомалӣ Раҳмон аз Саодат Хоҷаева.

Ӯ афзуд, вақте як модари тоҷик дар чунин шароит заҳмат мекашад, чаро мо ватани худро обод насозем.

Лентаи хабарҳо
0