Таъхири 7-соатии парвози ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Екатеринбург ба Душанбе

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкСамолет компаний Somon Air в аэропорту Домодедово
Самолет компаний Somon Air в аэропорту Домодедово - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвози ҳавопаймои хатсайри SZ-210 Екатеринбург-Душанбе, ки бояд имрӯз соати 13:40 сурат мегирифт, ҳафт соат мавқуф гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Парвози ҳавопаймои хатсайри Екатеринбург-Душанбе барои 7 соат ба таъхир афтод.

Пассажирский терминал в аэропорту Домодедово, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Авбошии сарнишини тоҷик боиси таъхири парвози ҳавопаймои Маскав - Кӯлоб гардид

Ин хабар дар таблои маълумотдиҳии фурудгоҳи Колтсово нашр шудааст.

Парвози ҳавопаймои хатсайри SZ-210 аз рӯи ҷадвал, бояд рӯзи 19 январ соати 13:40 сурат мегирифт, вале парвози он 7 соат ба таъхир афтод.

Ҳамин тавр парвози ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" бо дарназардошти таъхир соати 21:00 бо вақти маҳаллӣ, анҷом дода мешавад.

Таъхири парвози ҳавопаймои самти Маскав - Бохтарро ба мусофирон тавзеҳ надоданд

Дар хадамоти матбуотии фурудгоҳ тавзеҳ доданд, ки сабаби мавқуф гузоштани парвоз, нишасти бо таъхири ҳавопаймо дар фурудгоҳи Колтсово мебошад.

Киштии ҳавоии B-737 ба ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" тааллуқ дорад.

Лентаи хабарҳо
0