Тоҷикони Килли Кабир: пешниҳоди ба расмият шинохтани тоҷикони Покистон

© AP / Anjum NaveedИсламабад, Пакистан
Исламабад, Пакистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳақиқи покистонӣ хостори ба расмият шинохтани тоҷикони Покистон дар қатори дигар ақвоми расман эътирофшудаи ин кишвар шудааст

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputniк. Ориф Ҳасан Охундзода, муҳаққиқ ва таърихнигори сокини Покистон, дар матлабе таҳти унвони “Намои куллӣ аз ҷомеаи тоҷикони Покистон” навиштааст, бо вуҷуди он ки иддаи бузурге аз шаҳрвандони ин кишвар тоҷиканд, аз мероси фарҳангии худ огаҳанд ва истилоҳи “Тоҷик” – ро дар баробари номҳои худ истифода мекунанд, давлати Покистон ба таври расмӣ вуҷуди тоҷикҳоро дар миёни ақвоми расман зикршудаи худ ба расмият намешиносад.

“Натиҷа ин аст, ки тоҷикҳо бо қавмият дар иртибот бо минтақаи зиндагии худ ва забоне, ки онҳо сӯҳбат мекунанд, ҷамъ мешаванд (масалан, бештар паштун, балуч ва дигарон)”, - навиштааст Охундзода.

Мавсуф дар як тамоси катбӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба хотири собит кардани ҳузури тоҷикон дар ҷомиаи Покистон соли 2002, марҳум профессор Муҳаммад Ахтар, тоҷике, ки мансабдор, ҳуқуқдон ва муҳаққиқ буд, асари арзишманди таърихие дар сатҳи таърихнигории пазируфташудаи байналамилалӣ мунташир кард ва ҳам таълифоти зиёде ба қалами худи ӯ (Охундзода) нашр шуд, аммо мақомоти покистонӣ ҳамоно ба ин воқеият чашмпӯшӣ мекунанд.

“Худи таърихнигории асил дар Покистон ба кунҷи фаромӯшӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ афтодааст. Ҷои тааҷҷуб надорад, ки таҳқиқи таърихи тоҷикон дар ин минтақаи ҷаҳон, ки акнун ба унвони Покистон маъруф аст, амалан ба сифр баробар шудааст. Агар таърихи тоҷикони Покистон дуруст таҳқиқ шавад, маълум хоҳад шуд, ки тоҷикон на фақат сокинони тозаворид, балки аз қадимитарин қавмҳои ин кишваранд. Ҳузури муассири тоҷикони ин сарзамин дар осори муҳақиқони қарни нуздаҳуми Биритониё ва чанд китоби таърихи мусулмонон тасбит шудааст ва ҳеҷ ҷои шакку шубҳа нест, ки ҳамчунин як қавм дар миёни дигар ақвоми Покистон вуҷуд дорад, аммо расман эътироф намешавад”, - гуфт Охундзода ба Sputnik Тоҷикистон.

Ориф Ҳасан Охундзода дар матлаби таърихии худ бори аввал таърифи куллӣ, аммо ниҳодиеро аз ҳузури таърих ва маҳалли будубоши тоҷикони Покистон ироа мекунад, ки то ба ҳол ба таври парешон дар манобеъи таърихиву расонаҳои даврӣ зикр мешуданд.

 

© акс аз сафҳаи Facekook Ориф Ҳасан Охундзода - акси муаллиф
Тоҷикони Килли Кабир: пешниҳоди ба расмият шинохтани тоҷикони Покистон  - Sputnik Тоҷикистон
Ориф Ҳасан Охундзода - акси муаллиф
Вай мегӯяд, ҷомеаҳои бузурги тоҷикон дар Покистонро метавон ба сахтӣ ташхис кард, зеро онҳо пашту ҳарф мезананд ва ҳувияти онҳо то кунун ношинохта мондааст. Охундзода чаҳор ҷомеаи муҳими тоҷикон дар Покистонро ба баррасӣ гирифтааст:

Свотиён - Шалмониён

Свотиён - Шалмониён– деҳқонон ё асилзодаҳои зартуштӣ буданд, ки дар замони Ғазнавиён ба ислом гаравида, дар қаламрави ҳозираи шимоли Покистон (водии Пешовар, Баҷавур, Дир ва Свот) ва шимолу шарқи Афғонистон (Бадахшон, Кунар ва Лағмон) қабл аз Императории Муғули Бузург соҳиби подшоҳие ба номи Давлати Габр ё Салтанати Свот (1190 – 1519) буданд.

Свотиён – Шалмониён асосгузори сулолаи Шоҳмирӣ, аввалин салтанати мусулмон дар Кашмир низ буданд. Салтанати Свот соли 1519 ба дасти Бобур ва салтанати Шоҳмирӣ аз сӯи набераи Бобур – Акбар соли 1586 барҳам хӯрданд.

"Мардумони ин салтанат, гарчи акнун пашту сӯҳбат мекунанд, маълум шудааст, ки бо лаҳҷаҳои аҷиби форсӣ, назири габрӣ, деҳқонӣ ва лағмонӣ ҳарф мезаданд, ки вуҷуди онҳо дар ин ҷуғрофиё аз сӯи худи аввалин императори Муғул - Бобур сабт шудааст. Агарчи онҳо акнун мунқаризшуда ё мурда ҳисобида мешаванд, тасаввур мешавад, ки онҳо шабеҳ ба лаҳҷаҳои имрӯзи тоҷикии шуғнӣ ва рӯшонӣ будаанд", - менависад Охундзода.

Охундзода ҳузури свотиён – шалмониҳо дар қаламрави имрӯзаи Покистонро 2 ҳазор сол ва теъдоди онҳоро ҳудуди 2 миллион нафар ҳисоб кардааст.

Тоҷикони свотӣ - шалмонӣ, ба қавли Ориф Ҳасан Охундзода, ҳоло дар қабилаҳои некпихел, мализоӣ ва ронизоии юсуфзоӣ, солорзоӣ, мамунд, муҳманд, довудзоӣ, хешгӣ ва ғайра дида мешавад.

"Бақия қабоили маъруфи паштуншудаи тоҷикони деҳқони муқими водии Пешовар ва навоҳии атрофи он папинхелҳо, охундхелҳо, формулиҳо, саргониҳо, беҳсуд ва роғаниҳо ҳастанд. Ҳамчунин тахмин меравад, ки паштунҳои утманхел, деҳқонхелҳои юсуфзойӣ ва деҳқонхелҳои вазирӣ низ тоҷиканд", - менависад Охундзода.

Тоҷикони "Шарӣ" - и Дир

Ба қавли Охунзода, Дир хонаи бузурге аз меҳнаткашони тоҷик аст, ки дар тӯли қарни гузашта баъд аз соли 1887 тавассути ҳокими собиқи худ навоби Дир аз Парвон ва Панҷшер (Афғонистон) дар имтидоди Хатти Дюранд "Интиқол ёфтанд".

"Онҳо аз оҳангарҳо (ahingars) ва камонгарон (kamangars – устоёни камону пайкон ва дигар силоҳҳо) ташкил шудаанд. Дар гузашта онҳо барои артиши навоб аслиҳа месохтанд. Дар бештари мавқеъ косибони фақиру безамин ҳастанд ва ҳанӯз аз сӯи тоҷикҳои бумӣ, назири свотиҳо ва деҳқонҳо, ки худро болотар аз онҳо меҳисобанд, ба масобаи синфи поёнӣ арзёбӣ мешаванд. Аммо ин тоҷикҳо комилан аз ҳувияти тоҷикии худ огоҳ ҳастанд ва бо ифтихор даъвои инро мекунанд, ки тоҷиканд, ҳатто агар комилан паштуншуда ҳам бошанд", - менависад Охундзода.

Тоҷикони Килли Кабир

Килли Кабир деҳаи бузурге дар атрофи шаҳри Кветтаи вилояти Балучистони Покистон аст, ки бошандагонаш ҳамагӣ тоҷикони дар авоили асри 20 муҳоҷиршуда аз Кандаҳор (Афғонистон) – анд ва ин раванд то имрӯз идома дорад.

“Аксари ин тоҷикҳои осудаҳол ва сарватманд қабл аз пайдоиши Покистон дар соли 1947 ба ин ҷо омадаанд. Онҳо дар тиҷорати судовари мева ва сангҳои қиматбаҳои шаҳри Кветта фаъолият мекунанд. Як гуруҳи расонаӣ доранд ва аз назари сиёсиву иҷтимоӣ соҳиби нуфузу эҳтироманд. Аксари онҳо акнун ба забони пашту сӯҳбат мекунанд, аммо теъдоди қобили таваҷҷуҳе низ ба форсӣ мусаллат ҳастанд”, - менависад Охундзода.

Тоҷикони Деҳвор

Ин ҷомеаи бузурги тоҷик ҳудуди се қарн ба ин сӯ дар Балучистон зиндагӣ мекунад ва тавассути шоҳи Эрон Нодиршоҳи Афшор (1736—1747) ба ин ҷо оварда шудаанд, то ҳукумати муттаҳиди худ Хони Калотро назорат кунад.

“Деҳвориён як ҷомеаи феодалии бонуфузи Балучистонанд ва бо гӯиши форсии худ ба номи “деҳворӣ” сӯҳбат мекунанд, аммо онҳо низ таҳти таъсири фарҳангҳо ва забонҳои маҳаллии балучӣ ва бароҳавӣ қарор доранд”, - навиштааст Охундзода.

Маълумот

Ориф Ҳасан Охундзода, муҳаққиқ, таърихнигор ва аз тоҷикони шалмонии Покистон аст, ки 24 июни соли 1968 дар шаҳри Пешовари музофоти Хайбар Паштунхво таваллуд шудааст. Падари ӯ аз тоҷикони деҳаи Шабқадари ноҳияи Чорсадаи Пешовар ва модараш инглис буданд.

Таҳсилоти миёнаро дар мактаби Марияи Муқаддас ва олиро дар коллеҷи Эдвардзи Пешовар анҷом додааст. Кори расмӣ надорад ва машғули пажуҳишҳои илмӣ дар таъриху геополитика ва дигар улуми ҷорӣ аст.

Мудирияти заминҳои меросии хонаводагӣ дар Шабқадар ва ҳам як деҳаи хонаводагии дигар ба номи Валибек дар Агентии Муҳмандро бар дӯш дошта, даромади зиндагиашро аз ин манобеъ ҳосил мекунад. Ҳамзамон як пилот (халабон) – и хусусии ҳирфаӣ низ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0