Тақозои Файзов барои назорати сифати маҳсулот дар бозорҳои ВМКБ

© акс аз саҳифаи Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи Ҳукумати ВМКБЁдгор Файзов, раиси ВМКБ ва Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон дар бозори Хоруғ
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон  дар бозори Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, зимни баргузории як машварати назоратӣ масъалаи сифати маҳсулот дар бозорҳои вилоятро ба миён гузошт

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар ҷаласа таҳти раёсати Файзов ду масъалаи асосӣ - ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва низоми ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул мавриди таҳлил қарор дода шуданд, хабар додаст котиботи ҳукумати ВМКБ.

Продажа чая, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чаро дар Тоҷикистон чой парвариш намешавад ва чӣ гуна метавон чойи хубро муайян кард

Роҳбарони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ВМКБ дар ҷаласа изҳор доштаанд, ки аз тарафи раёсат барои ҳимоя намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бозори марказии шаҳри Хоруғ, мағозаҳо ва марказҳои савдо гузаронида шуд. Иттилоъ дода шудаст, ки маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта аз фурӯш бардошта шуданд.

Раиси вилоят ба роҳбарони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят дастур додаст, ки барои ҳифз намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни соҳибкоронро пурзӯр намоянд.

Файзов афзудааст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алайҳи соҳибкороне, ки ба фурӯши маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта даст мезананд, чораҳои зарурӣ андешанд.

Лентаи хабарҳо
0