Чаро дар Тоҷикистон чой парвариш намешавад ва чӣ гуна метавон чойи хубро муайян кард

© Sputnik / Стас ЭтвешПродажа чая, архивное фото
Продажа чая, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршинос сабаби дар Тоҷикистон парвариш нашудани чой ва интихоби дурусту замони мусоиди нӯшидани чойро гуфт

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Рӯзи 15 декабр дар ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии чой ҷашн гирифта мешавад. Зеро он нӯшокиест, ки тамоми мардуми сайёра онро ҳамарӯза истифода мебаранд.

Таърихи парвариш ва ғунучини чой

Чой як навъ бутта ё дарахти хурди ҳамешасабз мебошад, ки барги онро махсус хушконида, дар оби ҷӯш дам карда менӯшанд.

Грант Дандуров - Sputnik Тоҷикистон
Агар чой хушбӯй бошад, барги чой табиъӣ нест: коршинос

Дарахти парваришнамудаи  чой то 1,5 метр  қад кашида, баргаш дарозрӯя, гулаш  сафед ё гулобии  хушбӯй мебошад.

Дарахти худрӯи чой то 10—15 метр қад кашида, дар ҷангалзори Ассами Ҳиндустон ва ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҳинду Чин мерӯяд. Ноҳияҳои бешазори Ассам, Бирма, Юннан, Чин ва Ветнами Шимолиро ватани чой меҳисобанд. Чойро дар Чин 2500 сол то мелод чун растании доруӣ мепарвариданд. Аз ин рӯ ватани чой давлати Чин дониста мешавад, менависад АМИТ "Ховар".

Португалиҳо дар асрҳои 15—17 аз Осиёи Шарқӣ чойро ҳамчун дору ба минтақаи Аврупо оварданд. Сипас он яке аз нӯшиданиҳои маъмулӣ гардид.

Аввалин бор сафири рус В. Старков соли 1638 чойро аз Муғулистон ба Русия овардааст. Дар Осиёи Миёна чой охири асри 19 пайдо шудааст.

Ба андешаи мутахассисон,  дар дунё  1,5 млн гектар чойзор мавҷуданд, ки аз онҳо соле 1,5 млн тонна чойи хушк ҷамъоварӣ мешавад. Дар Ҳиндустон дар як сол то 500 ҳазор тонна, Шри Ланка 215 ҳазор тонна, Чин  200 ҳазор тонна ва дар ИДМ 72 ҳазор тонна чой истеҳсол мекунанд.

Соли 2018 дар Кения 493 ҳазор тонна чой истеҳсол карда шуд, ки  475 ҳазор тоннааш ба бозори ҷаҳонӣ интиқол ёфт. Харидори асосии ин моли Кения ҳамоно Покистон, Миср ва Британия мебошанд.
Мавриди тазаккур аст, ки беш аз 90 дарсади чой дастӣ ҷамъоварӣ мегардад. Ҳоло дар мамлакат қариб 50 намуд чой истеҳсол мешавад, аз ҷумла сиёҳ, кабуд, сафед, арғувонӣ ва ғайра. Чой аслан растании ноҳияҳои тропикӣ ва субтропӣ мебошад.

Барои кишти растании чой иқлими Тоҷикистон мутобиқ нест

Ба иттилои сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Сафаров, солҳои 1934- 1935 дар замони Шӯравӣ ин зироати субтропикӣ ва тропикӣ барои кишт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда буд. Натиҷаи таҳқиқот муайян кард, ки ба ғайр аз лимӯ ва афлесун дигар зироат ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ нестанд. Хусусан барои кишти растании чой иқлими Тоҷикистон мутобиқ нест, зеро чой намнокии зиёд талаб менамояд ва иқлими Тоҷикистон ба он мувофиқ нест.

Ба ақидаи гиёҳшиносон, иқлими Тоҷикистон барои парвариши чойҳои шифобахш хеле мусоид мебошад.

Нигаронии раиси шаҳри Душанбе аз болоравии нархи чой

Тавре корманди Маркази илмию тадқиқотии фармасевти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Давлатмамадова иброз намуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахш хеле бой аст.

Мавсуф иброз дошт, ки «ҳоло дар нуқтаҳои савдои ҷумҳурӣ чойҳои пастсифати ба саломатӣ зиёновар ба фурӯш бароварда мешаванд, ки  қобили истифода нестанд. Мо бояд гиёҳҳои шифобахши ватанӣ, аз қабили лимӯгиёҳ, бодраҷбӯя, фаранҷи мушк, кокутӣ, бобуна, чойгиёҳ, марварак, розиёна ва амсоли инҳоро ҳамчун маҳсулоти чой истеҳсол намуда, ба фӯруш барорем».

Чой — нӯшокии аз ҳама зиёд истеъмолшаванда дар ҷаҳон

Дар садсолаи охир баъди он ки мутахассисон ба таври илмӣ ба саломатӣ фоида доштани чойро исбот намуданд, талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид.

Чой нӯшокии аз ҳама зиёд истеъмолшаванда дар ҷаҳон буда, аксаран 2 намуди он: чойи сиёҳ ва кабуд бештар маъмуланд.
Ин ду намуди чой аз як растанӣ тайёр шуда, танҳо аз рӯйи муҳлати коркард фарқ мекунанд.

Абӯрайҳони Берунӣ гуфтааст, чойро бурида дар зарфҳо  мехушконанд ва гоҳи зарурӣ аз он бо оби ҷӯш нушиданӣ тайёр мекунанд, ки табшикан ва софгари хун буда, инчунин зарари майро бартараф менамояд.

Чойе, ки мо менӯшем, моддаҳои даббоғӣ, витаминҳо, алкалоидҳо, кофеин ва ғайраҳо дорад. Инчунин равғани эфир барин моддаҳои муфид дорад. Он хусусияти зиддимикробӣ дошта, барои аз организм хориҷ шудани моддаи радиоактивии стронсий мусоидат мекунад. Чой,  алалхусус чойи кабуд нӯшокии қувватбахш ва ташнагишикан аст. Дар як истакон чой 0,02—0,1 г кофеин вобаста ба навъҳои гуногуни чой мавҷуд аст. Кофеин ангезандаи пурзӯри асаб аст. Онро дар тиб ба шахсони хаставу заиф ва камқувват  тавсия модиҳанд.

Черный чай - Sputnik Тоҷикистон
Олимон хатари марговари нӯшидани чойи гармро муайян карданд

Ба қавли шоир Абдулқодирхоҷаи  Савдо:

Зи ҷӯши чойҷӯшам ин нидо дар гӯш меояд,

Ки чойи талх равшан мекунад табъи сухандонро.

Чойи талх, махсусан чойи сиёҳ ба шахсоне, ки гирифтори бехобӣ, ғалаёни хун-гипертония, бемориҳои дил, захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангуштаанд, зарар дорад.

Чои кабуд доруи дарди сар аст…

Бояд гуфт, ки чой барои мардуми тоҷик нӯшидании муқаррарӣ ва анъанавист.

Ҳоло дар Тоҷикистон дар баробари чои сиёҳ чойи кабуд шўҳрат пайдо карда, нӯшокии миллии мо шудааст.

Чойи кабуд аз кофеин ва полифенолҳо бой аст. Дар таркиби чойи кабуд боз микроэлеметҳои дигар, ба монанди каротиноид, токоферол, кислотаи аскорбинӣ (ё витамини С), хром, марганетс, селен ва тсинк мавҷуд аст. Агар шумо таъми асили полифенолҳо ва антиоксидантҳои шифобахшро чашиданӣ бошед, пас чойи 2-3 моҳ қабл истеҳсол кардашударо ҷустуҷӯ намоед. Лекин инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки беҳтарин вақти чидан ва ҷамъ кардани чойи кабуд моҳҳои апрел ва май аст. Чойи дар тобистони гармо чидашуда пастсифат мебошад. Чойи кабуди кӯҳнашуда чандон муфид нест ва он таъми хуш дода  наметавонад.  Барои муайян кардани он қуттии  чойро ба даст гирифта, онро афшонед. Ҳар қадаре, ки чанг бисёр резад, ҳамон қадар чой кӯҳнашуда асту сифаташ паст мебошад. Чойи кабуди тоза сифати хешро давоми 12 моҳ нигоҳ дошта метавонаду халос.

Табибон тавсия медиҳанд, ки чойи кабуд  ба табобати касалиҳои дилу рагҳо, касалиҳои милки дандон, санги гурда, саратон, касалиҳои чашм ва касалии қанд  ёрӣ мерасонад.

Чаро дар Тоҷикистон чойи сабзро дӯст медоранд?

Сифати чойро чӣ тавр муайян кардан мумкин аст?

Аз ҳама навъҳои аълосифати чои кабуд- ин чойи талхча ва чойи аз баландкӯҳҳо чидашуда мебошад. Чойи кабуд бояд ранги зумуррад ё  зумурради паст дошта бошад. Агар чои хушк  тобиши зард ва ё қаҳваранг дошта бошад, пас вай кӯҳнашуда аст. Барои он, ки чойи кўҳна намуди чойи навро гирад, баъзе истеҳсолкунандагон баргакҳои чойро ранг мекунанд. Аммо шумо метавонед ин ҳилларо ба зудӣ ошкор кунед.   Барои муайян кардани он санҷиши одӣ гузаронед:  ба чой пораи қоғази сафедро партоед. Агар қоғаз ранги сабзро гирад, маълум мешавад, ки ин чой рангкардашуда аст. Агар чой дорои сифати баланд бошад, пораи қоғази таркардашуда хеҷ гоҳ ранги сабзро ба худ касб намекунад.

Тавсияи дигар он аст, ки зимни дам кардани чой беҳтар мешуд агар чойникҳо тасфон бошанд.

Лентаи хабарҳо
0