Бунёди Оқохон дар НТМ 6 маркази рушди барвақтии кӯдак боз кард

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикская школа
Таджикская школа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бунёди Оқохон дар чаҳор ноҳияи тобеи маркази Тоҷикистон шаш маркази рушди барвақтии кӯдак ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputniк. Бунёди Тоҷикистонии Оқохон соли 2019 дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф дар назди мактабҳо - дар ноҳияи Ваҳдат (МТМУ  № 6 ва 22), ноҳияи Варзоб (МТМУ №2), ноҳияи Рӯдакӣ (МТМУ № 52 ва 74) ноҳияи Файзобод (МТМУ № 64) 6 маркази инкишофи кӯдак кушод. 

Встреча Председателя ГБАО с представителями Всемирного Банка - Sputnik Тоҷикистон
Аз супориши Раҳмон то кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ: дар ВМКБ барномаи рушди кӯдак роҳандозӣ мешавад

Дар ин бора роҳбари барномаи таҳияи маводҳои хониш ва рушди барвақтии кӯдаки "Бунёди Оқохон" Сафо Ғуломасейнов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Купони ҷопонӣ, ё чигуна духтари тоҷик кӯдаконро бо равиши нодир омӯзиш медиҳад

Ба гуфти Ғуломасейнов, Бунёди Оқохон марказҳои номбурдаро ҳамаҷониба муҷаҳҳаз намуда, барои мудирон, муҳосибон ва раисони кумитаи падару модарони Маркази навташкил семенарҳо гузаронд.

Дар вохӯрӣ бо омӯзгорони марказҳои инкишофи кӯдак Директори иҷроияи Бунёди Оқохон Кишвар Абдулалишоев гуфт:  "Рушди барвақтии кӯдак барои Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб мешавад. Барномаи Бунёди Оқохон дар ин соҳа ба рушди қобилияти кӯдак барои мутобиқ шудан ба ҳаёт, малакаҳои навоварӣ ва муошират, инчунин инкишофи қобилияти онҳо дар ҳалли мушкилот ва дар онҳо ташаккул додани арзишҳои шаҳрвандии масъулиятнок, равона шудааст".

Сафаров Соҳибназар, мудири шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ ва рушди барвақатии кӯдаки Вазороти маориф зикр кард, ки бо дасгирии Ҳукумати Тоҷикистон,  Вазорати  маориф, мақомоти иҷроияи хокимияти  давлатии шаҳр ва ноҳияҳо фарогирии  кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ сол то сол зиёд мегардад.

Кишвар Абдулалишоев - Директори Иҷроияи Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
"Мактаб - 2030": Директори Иҷроияи Бунёди Оқохон аз тарҳи нави таълимӣ хабар дод

Дар баробари муассисаҳои  таҳсилоти томактабӣ барои таълиму тарбияи  аввалия шакли нави  муассисаҳои томактабӣ- Марказҳои инкишофи кӯдак низ  аз соли 2004 ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки ба  фарогирии шумораи  бештари кӯдакон дар Тоҷикистон мусоидат намуданд.

Агар чунин марказҳо дар соли 2018 -1697 адад бо фарогирии 46360 нафар кӯдак фаъолият карда бошанд, пас ин нишондиҳанда дар нимсолаи  аввали 2019 ба 1973 адад расид, ки дар онҳо 52298 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуданд, ки ин нисбати соли 2018 - 276  марказ ва 5938 нафар кӯдак зиёд мебошад.

Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Бунёди Тоҷикистонии Оқохон - 283 адад Марказҳои инкишофи кӯдакони синнӣ томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят ташкил намуданд.

Дар ин Марказҳо 6455 нафар кӯдак таълиму тарбия гирифта истодаанд ва ба таълиму тарбияи онҳо  482 – нафар омӯзгор машғуланд, ки 90% онҳо аз курси такмили ихтисос гузаштанд.

Лентаи хабарҳо
0