"Мактаб - 2030": Директори Иҷроияи Бунёди Оқохон аз тарҳи нави таълимӣ хабар дод

© Muhabbat GardonshoevКишвар Абдулалишоев - Директори Иҷроияи Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон
Кишвар Абдулалишоев - Директори Иҷроияи Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бунёди Оқохон лоиҳаи навро таҳти унвони "Мактаби 2030" таҳия мекунад, ки имкон медиҳад муаллимон ва роҳбарони мактабҳо талаботи низоми маорифи Тоҷикистонро дар оянда қонеъ гардонанд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Рӯзи 26 – уми октяби соли 2019 бо ташаббуси Бунёди Оқохон дар маркази исмоилиёни шаҳри Душанбе бо ширкати муовини вазири маорифи Тоҷикистон, хонум Латофат Назирӣ, раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Низом Қосим, намояндагони академияи таҳсилот, вазоратҳои маориф ва фарҳанг, олимон, мунаққидон, рассомон, адибон ва устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон "Форуми китоби бачагона" баргузор гарид.

Дар ин бора Сафо Алиназар роҳбари таҳияи маводҳои хониш ва барномаи рушди барвақтии кӯдаки Бунёди Оқохон, ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Дар ин ҳамоиш муовини вазири маориф хонум Латофат Назирӣ дар бораи ҳамкориҳои Вазорати маориф ва Бунёди Оқохон суханронӣ намуд.

Хонум Назирӣ дар бораи фаъолияти Бунёди Тоҷикистонии Оқохон изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт ки Вазорати маориф минбъад низ ҳамкории хешро бо Бунёди Тоҷикистонии Оқохон густариш медиҳад.

© Muhabbat GardonshoevМуовини вазири маориф хонум Латофат Назирӣ
Мактаб - 2030: Директори Иҷроияи Бунёди Оқохон аз тарҳи нави таълимӣ хабар дод - Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири маориф хонум Латофат Назирӣ

Раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар бораи “Ташаккул ва такомули адабиёти бачагона, саҳми Бунёди Тоҷикистонии Оқохон дар самти нашри китобҳои хониш маъруза тайёр намуд.

Центр управления государственной границей Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Бунёди Оқохон пешниҳоди Кумитаи амниятро мақбул донист

Директори Иҷроияи Бунёди Оқохон Кишвар Абдулалишоев дар суханронияш гуфт, "бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва дар доираи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар як фарди тоҷик имконият дорад, ки дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар сащм гузорад. Бо мақсади дастгирии ин ният, Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон аз соли 1991 инҷониб фаъолият дорад. Бунёди Оқохон дар шаш самти асосӣ кор мекунад, аз ҷумла амнияти озуқаворӣ, фарогирии иқтисодӣ, табобат ва ғизо, таълим, рушди барвақти кӯдакон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Ӯ афзуд, саҳми Бунёди Оқохон дар таҳсил ва рушди барвақтии кӯдак се самти муҳимро фаро гирифтааст. Бунёди Оқохон мақомоти маҳаллиро дар барқарорсозӣ ва сохтмони мактабҳо дар деҳаҳои дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон дастгирӣ мекунад. Ҳамзамон, дар ҳамкории зич бо мақомоти соҳаи маориф, Бунёди Оқохон барои омӯзгорон ва роҳбарони соҳаи маориф омӯзишҳо ва мубодилаи таҷрибаҳо ҷиҳати нигоҳ доштан ва беҳтар кардани сифати таълим дар Тоҷикистон ташкил менамояд.

Дар айни замон, Бунёди Оқохон Вазорати маориф ва илмро барои таҳия ва нашри китобҳо барои муассисаҳои таълимии томактабӣ ва мактабҳои ибтидоӣ дастгирӣ мекунад. Бунёди Оқохон инчунин дар гузаронидани тренингҳо барои муаллимони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таъсис додани марказҳои рушди барвақти кӯдакон фаъолона кор мекунад.

"Барои густариши ҳамкориҳои оянда, Бунёди Оқохон як лоиҳаи нав бо номи "Мактаби 2030" - ро таҳия мекунад, ки имкон медиҳад муаллимон ва роҳбарони мактабҳо талаботи низоми маорифи Тоҷикистонро дар оянда қонеъ гардонанд", хабар дод Директори Иҷроияи Бунёди Оқохон.

Сафо Алиназар, роҳбари таҳияи маводҳои хониш ва барномаи рушди барвақтии кӯдаки Бунёди Оқохон иброз дошт, яке аз  ҳадафҳои асосии Форуми китоб густариш додани фарҳанги китобхонӣ байни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон мебошад.

Қозидавлат Қоимдодов, ходими давлатии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Мусоидат ба Ҳукумат: намояндаи Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон стратегия ва ҳадафҳоро гуфт

"Танҳо китоб ҳаст, ки роҳи мо ва наврасонро  сӯи ояндаи пешрафта, фарҳангсолор, мутаммадин ва инсонмеҳвар рушан мекунад. Инчунини дигар, ҳадафи форум амалан татбиқ намудани Стратегияи миллии рушди Маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” таҳияи нави маҷмӯаи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ, методӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот мутобиқи тағйирёбии мазмуни таҳсилот, таҳияи воситаҳои таълимию методӣ, нашри онҳо, мувофиқсозӣ ва тарҷумаи китобҳои дарсӣ  ба шумор меравад.  Маҳз дар замина, Бунёди Оқохон бо дастгирии вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияи таҳсилот, Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон, муассисаи давлатии нашрияи “Маориф” соли 2018 – 2019  теъдоди 20 номгӯи китобҳои бачагонаро таҳия ва нашр намуд.

Ҳамчунин Сафо Алиназар гуфт, “китобҳое, ки дар ин Форум мавриди баррасӣ ва муаррифӣ қарор мегиранд, ҳам аз ҷиҳати бадеият ва ҳам аз назари фаро гирифтани масоили тарбиявӣ барои мактаббачаҳо ҷолиб ва пурманфиат мебошанд.

© Muhabbat GardonshoevСафо Алиназар, роҳбари таҳияи маводҳои хониш ва барномаи рушди барвақтии кӯдаки Бунёди Оқохон
Мактаб - 2030: Директори Иҷроияи Бунёди Оқохон аз тарҳи нави таълимӣ хабар дод - Sputnik Тоҷикистон
Сафо Алиназар, роҳбари таҳияи маводҳои хониш ва барномаи рушди барвақтии кӯдаки Бунёди Оқохон

Ӯ афзуд, ки таҳия ва дизайни китобҳои мазкур, ҷиҳати пурғановат гардидани олами маънавӣ ва шакл гирифтани тарзи тафаккури зебошиносии хонандагони хурдсол мусоидат хоҳад кард.  

Ҳадафи “Форуми китоби бачагона” - муаррифӣ намудани 20 китоби таҳияшуда  аз тарафи Бунёди Оқохон буда, имкониятест, ки олимон ва  адибони тоҷик дар бораи ташаккул ва такомули китобҳои методӣ, таълимӣ ва бадеӣ , дастовард ва мушкилот  дар ин самт ҷойдоштаро муҳокима кунанд.

Лентаи хабарҳо
0