Омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ ва супориши Аҳмадзода ба мақомоти вилояти Суғд

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкВыборы, архивное фото
Выборы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд миқдори ҳавзаҳои интихоботиро дар вилоят муқаррар намуданд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik.  Санаи 10 декабри соли равон дар толори Мақомоти ҳукумати Суғд таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хаӣар додааст.

Диктант - Sputnik Тоҷикистон
Санҷиши дониш: номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ аз забони давлатӣ имтиҳон месупоранд

Бино бар иттилои манбаъ, дар кори иҷлосия муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо дар бораи муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилоят, ташкили комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ворид карда шуд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, бо қарори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят комиссияи вилоятии интихобот ва миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилоят тасдиқ карда шуд.

“Тибқи ин қарор комиссияи вилоятии интихобот аз 13 нафар иборат буда, миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ 70 (ҳафтод)  адад муқаррар гардид”,- зикр намудааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар поёни иҷлосия ба масъулин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ, таъмини амният ва бехатарии шаҳрвандон дар вақти баргузории интихобот ва бо риояи принсипҳои асосии интихобот доир намудани интихоботи вакилони халқи вилоят дастуру супоришҳо дод.

Лентаи хабарҳо
0