Путин талаботи нав барои номзадҳо ба раёсатҷумҳури Русияро эълом кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкЕжегодное послание президента РФ В. Путина Федеральному Собранию
Ежегодное послание президента РФ В. Путина Федеральному Собранию - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, киҳо метавонанд номзадии худро барои дарёфти курсии раёсатҷумҳурӣ пешбарӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин пешниҳод намудаст, ки талабот барои номзадҳо ба мансаби президентӣ сахттар карда шавад.

Ежегодная большая пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон
Путин гуфт, чӣ гуна муҳоҷирон дар Русия роҳат бошанду бумиҳоро ошуфта накунанд-видео

Владимир Путин аснои ироа намудани паёми солонаи худ ба Маҷлиси федеролӣ таъкид намуд, ки довталаб ба курсии президентӣ бояд, ҳадди ақал 25 сол дар қаламрави  Русия зиндагӣ кунад ва танҳо шаҳрвандии ин кишварро дошта бошад.

Ба гуфтаи Путин, Русия бояд як ҷумҳурии пурқудрати президентӣ боқӣ бимонад. 

Путин душвортарин рӯйдод дар ҳаёташро гуфт

Путин ҳамчунин ба масъалаи барои ду давр пайи ҳам интихоб шудани як нафар ба ҳайси раисҷумҳур мудохила карда гуфт, ки гарчанд ин масоилро принсипиалӣ намеҳисобад, вале ба ҳар сурат розӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин имрӯз ба Маҷлиси федеролӣ паёми солона ироа намуд. Дар паёми солонаи худ Владимир Путин чандин масоил, аз ҷумла дар самти дастгирӣ намудани оилаҳои серфарзанд, таъмин намудани толибилмони аз синфи 1 то 4 бо хӯроки бепул дар муассисаҳои таълимӣ, тамдид додани барномаи "Кӯмакпулӣ барои модарон" то соли 2026 ба Маҷлиси федеролӣ ироа намуд.

Лентаи хабарҳо
0