ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Музокирот таҳти роҳбарии Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Ҷениш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон ба анҷом расид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон.
Бино бар иттилои манбаъ, музокирот дар минтақаи назди марзӣ дар гузаргоҳҳои марзии “Гулистон” - и шаҳри Исфара ва “Қизил Бел” – и ноҳияи Бодканд сурат гирифт. Дар ин музокирот роҳбарони сохторҳои қудратии ду кишвар масоили вобаста ба марз, инчунин муноқишаҳои ахире, ки дар сарҳад сурат гирифтааст, баррасӣ карданд.
Манбаъ қайд намудааст, ки тарафҳо зимни музокирот кулли мушкилот дар тамоми минтақаҳои марзиро баррасӣ намуданд ва дар анҷоми гуфтугӯ санади дахлдорро низ ба имзо расониданд.
Тибқи санади мазкур гурӯҳҳои ҳуқуқӣ муваззаф шудаанд то 15 феврали соли 2020 мавзеъгирии ҳамоҳангшударо оид ба қитъаи марзи 114 километра пешниҳод кунанд.
Ҳамчунин тибқи санади мазкур, коргурӯҳҳои топографӣ муваззаф шудаанд то 1 марти соли 2020 гузинаҳои ҳамарзишу ҳамандозаи заминҳо барои мубодила миёни ноҳияи Бодканд ва шаҳри Исфара дар минтақаҳои Самарқандак ва Кӯктошро ҳамоҳанг кунанд.
Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба тавофуқ расиданд, ки дар роҳи Чоркӯҳ – Оқ-Сой-Ворух, Кок-Тош – роҳи мошингарди Исфара –Ворух ва Бодканд –Исфана назрати муштарак идома диҳанд.
Инчунин ҳайатҳои ду кишвар ба мақомотҳои ҳокимияти маҳалӣ дар минтақаҳои марзӣ супориш доданд, ки ба хотири пешгирии муноқишаҳои баъдӣ, инчунин ҳалли мушкиллоти аҳолӣ дар минатақаҳои марзӣ, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ пурзур намоянд.
“Ҳамкории ҳамҷониба миёни мақомотҳои маҳалии вилояти Бодканд ва вилояти Суғд бо мақсади рушди ҳамкориҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманетарӣ, ҳамчунин пешгирии муноқишаҳои баъдӣ дар марз пурзур карда шавад”, - омадааст дар санади ба имзо расида.
Аз ҷумла зимни музокирот тарафҳо тавофуқ карданд, ки дар масоили пӯшиши хабарии кори кумисиюни марзбандии Қирғизистон ва Тоҷикистон, коргурӯҳҳо ва гуфтушунидҳои марзӣ дар расонаҳо ба созишҳои дастёфта пойбанд бошанд.
Музокироти ҳайтаҳои Тоҷикистону Қирғизистон таҳти раҳбарии муовинони сарвазирони ду кишвар – Азим Иброҳим ва Жаниш Раззоқов рӯзи 14 январи соли равон соати 10.00 ба вақти Тоҷикистон дар гузаргоҳҳои марзии “Гулистон” - и шаҳри Исфара ва “Қизил Бел” – и ноҳияи Бодканд шурӯъ шуда буд.
Дар ин ҷаласа ҳамчунин масъулини баландмақоми ду кишвар аз ҳисоби раисони кумитаи амнияти миллӣ, додситонҳои кул, роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилӣ ва сардорони раёсатҳои сарҳадбонӣ иштирок намуданд.
Дар раванди ин ҷаласа тарафҳо дар масъалаи рухдоди танишҳои ахири марзӣ, ки ниҳоят ба тирпаррониҳо анҷомид, ибрози назар кардаанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон миёни ҳам 976 километр марзи муштарак доранд ва аз ин рақам то ба ҳол 504 километри он муайян шудаву қариб 50 % и дигар ҳамчунон номушаххас боқӣ мондааст. Аммо номуайянии марзи давлатӣ борҳо сари тақсими обу замин дар марз ба рухдоди баҳсу танишҳои марзӣ боис шудааст.
То замоне, ки ин гузориш омода мешуд, монебеъи огоҳ аз ҳамчунон идома доштани музокироти ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар марз миёни Исфара ва Ботканд хабар доданд.