ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини сарвазир Азим Иброҳим шоми имрӯз ба шаҳри Исфара сафар кард.
АМИТ "Ховар" бо истинод ба ёрдамчии муовини сарвазири Тоҷикистон Сӯҳроб Одинаев хабар медиҳад, ки ҷониби Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, 14 январ бо ҳайати ҳукуматии Қирғизистон таҳти сарварии муовини сарвазир Жениш Разоқов гуфтушунид хоҳанд кард.
Музокирот фардо соати 10-и субҳ оғоз меёбанд.
"Ба ҳайати Тоҷикистон вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Раиси КДАМ Саймумин Ятимов, Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ шомил мебошанд", - омадааст дар хабарнома.
Ба ҳайати Қирғизистон низ роҳбарони Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти сарҳади давлатӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва инчунин намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ шомиланд.
Зимни мулоқот вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, тадбирҳои минбаъда барои мӯътадилсозии он, масоили таҳкими амнияти сарҳад, чораҳои пешгирикунанда барои ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои фаромарзӣ, инчунин масоили тақвияти делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ мешаванд.
Бино ба гузориши манбаъ, имрӯз ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи қитъаҳои баҳсталаби сарҳадот гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда, ки ба ҳайати онҳо харитасозон, заминченкунон ва коршиносон шомиланд, машғул мебошанд.
Фардо ҳамчунин дар доираи музокирот мулоқоти ҷудогонаи роҳбарони Прокуратура, ВКД, хадамоти сарҳадии ду давлат дар назар аст.
Бояд тазаккур дод, ки мулоқот дар асоси тавофуқи президентони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, ки рӯзи шанбеи гузашта, 11 январ пас аз суҳбати телефонӣ ба даст омад, сурат мегирад.
Тавре қаблан хадамоти матбуотии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод, охири ҳафтаи гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи навбатӣ рух дод.
Чунончи, 10 январи соли 2020, соати 17:15 дақиқа, сокини маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон Сайдалӣ Нарзиев аз боми манзили истиқоматии худ санг партофта, тирезаи нонвойхонаи маҳаллаи Сомониёнро шикастааст.
Вазъият мураккаб аст: изҳороти КДАМ дар бораи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Соатҳои 00:30 то 00:50 дақиқаи шаби 11 январи соли 2020 сокинони маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Бодканд бо мақсади тарсонидани сокинони маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара аз силоҳи шикорӣ қариб 15 маротиба ба ҳаво тир холӣ карданд.
Ҳамзамон, соати 01:50 дақиқа гурӯҳи сокинони маҳаллаи Коктош манзили истиқоматии сокини маҳаллаи Сомониён Давлатбой Насриддиновро сангборон намуда, аз яроқи шикорӣ ба дарвозаи ӯ тир холӣ карданд.
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд
Бо дахолати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва сарҳадбонони ҳарду ҷониб, амалҳои иғвогаронаи сокинони маҳаллаи Коктош сари вақт қатъ карда шуд. Ҷониби қирғиз ба ин нигоҳ накарда аз соати 02:20 дақиқа аз силоҳи шикорӣ 7 маротиба ва аз соати 05:00 то соати 06:30 дақиқа аз силоҳи оташфишони автомати Калашников ба ҳаво тир холӣ карданд.
"Ҳайати Душанбе умед дорад, ки дар Исфара бо намояндагони Бишкек ҷиҳати пешгирии ташаннуҷ дар сарҳад ва масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор дар ташкили муноқишаҳо дар сарҳади ду давлат ба тавофуқ мерасад", — зикр намуд Сӯҳроб Одинаев.