Истеъфои ҳукумати Русия пас аз паёми солонаи Путин

© пресс-служба РТПремьер-министр России Дмитрий Медведев
Премьер-министр России Дмитрий Медведев  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарвазири Русия Дмитрий Медведев пас аз паёми солонаи Владимир Путин ба Маҷлиси федеролӣ истеъфои ҳукууматро эълон намуд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҳукумати Русия дар ҳайати пурра ба истеъфо меравад, изҳор намуд сарвазири ин кишвар Дмитрий Медведев.

"Дар ин замина, мусаллам аст, ки мо, ҳамчун ҳукумати Федератсияи Русия, бояд ба президенти кишвар имкон фароҳам орем, то ҳамаи қарорҳои заруриро қабул кунад. Дар чунин шароит, ман фикр мекунам, ки ба истеъфо рафтани ҳукумати Федератсияи Русия пешниҳоди дуруст аст", - гуфт Медведев.

Тахмин меравад, ки Медведев ба ҳайси муовини котиби Шӯрои амният кор кунад.

Ежегодное послание президента РФ В. Путина Федеральному Собранию - Sputnik Тоҷикистон
Путин талаботи нав барои номзадҳо ба раёсатҷумҳури Русияро эълом кард

Ҳайати феълии ҳукумат ҳанӯз 18 - уми майи соли 2018 ташкил карда шуд. Ҳукумат таҳти роҳбарии Медеведев аз 32 аъзо иборат буд.

Қобили зикр аст, ки бори нахуст ҳукумати Медеведев 7 - уми майи соли 2018 пас аз савгандёдкунии Владимир Путин истеъфо дода буд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Маҷлиси федеролӣ паёми солона ироа намуд.

Лентаи хабарҳо
0