Азиззода ба ҷои Азиззода: роҳбари Суғд раиси нави Мастчоҳро муаррифӣ кард

© дафтари матбуоти ҳукумати СуғдРаҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳангоми муаррифии Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат, раиси Мастчоҳ
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳангоми муаррифии Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат, раиси Мастчоҳ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо изҳори сипос Азиззода Ғайрат Мулломаҳмадро, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ барканор шуд, гусел карда, ҷойгузини ӯ Азиззода Тоҳир Мирзораҳматро муаррифӣ намуд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси Суғд, Аҳмадзода ба Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад барои фаъолияти пурсамараш изҳори сипос намуда, ба Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Аз вакилӣ ба раисӣ ва баръакс: тафсилоти тағйироти кадрӣ

Манбаъ зикр кардааст, ки Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат 17-уми апрели соли 1980 дар деҳаи Пастиғави ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буда, аз рӯи ихтисос иқтисодчӣ мебошад.

Мавсуф дар вазифаҳои раиси бахши ҷавонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ,  раиси хоҷагии деҳқонии ҷамоавии ба номи Мусо Исоев, роҳбари ҶДММ “Пастиғав” ва муовини якуми раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кор кардааст.

Азиззода Тоҳир 13 январи соли равон ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ таъин гардид. Ғайрат Азиззода, раиси пешини Мастчоҳ аз ҷониби ҲХДТ ҳамчун номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар интихоботи 1 марти соли 2020 пешниҳод кард.

Лентаи хабарҳо
0