ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон имзои як фармон Садриддинзода Бадриддин Талбакро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таъин кардааст. Бадриддин Садриддинзода дар парлумони феълӣ вакил, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин буд.
Ӯ дар мақоми раиси Қубодиён Файзуллозода Зафар Хайруллоро иваз кард, ки аз ҷониби ҲХДТ ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ шудааст.
Ба ҷои номзади дигари ҲХДТ - Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад дар вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ, Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат таъин гардид.
Бо фармони дигари раисиҷумҳур, Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд. Ӯ дар ин мақом Гиёзода Азиз Қодирро иваз намуд, ки аз ҷониби ҲХДТ ба вакилӣ пешбарӣ шудааст.
Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин аз вазифаи муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон барканор гардида, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Юсуфӣ Муҳаммадраҳим, номзади дигари ҲХДТ дар интихоботи парлумонии 1 марти 2020-ро иваз намуд.