114 аз 467 км: Тоҷикистону Қирғизистон қадами аввалро бардоштанд

© © Пресс-служба города ИсфараПредставители Таджикистана и Кыргызстана проводят переговоры по ситуации на границе
Представители Таджикистана и Кыргызстана проводят переговоры по ситуации на границе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба ин тавофуқ расиданд, ки дар навбати аввал аз 467 километри марзи баҳсӣ дар навбати аввал 114 километри онро таъйин ва аломатгузорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ин аввалин ҷаҳиши амалӣ дар ин баҳсест, ки ҳудуди 40 сол ба ин сӯ идома дорад. Ҷаласаи кории ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон таҳти раҳбарии муовинони сарвазирони ду кишвар - Азим Иброҳим ва Ҷаниш Раззоқов рӯзи гузашта, 14 январ, бо имзои як протокол ё ёддошти ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

Музокирот дар минтақаи миёни посгоҳҳои “Қизил Бел” – и Қирғизистон ва “Гулистон” – и Тоҷикистон ва бо ширкати раҳбарони мақомоти амниятии ду кишвар баргузор шуд.

Кыргызстан и Таджикистан подписали протокол по итогам обсуждения приграничных вопросов - Sputnik Тоҷикистон
Музокироти тӯлонӣ анҷом ёфт: ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон чӣ тавофуқ карданд?

Мавзӯи аслии нишаст баррасии масоили марзӣ ва ҳаводиси рухдода дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон буд, ки тайи ним моҳи соли равон иттифоқ афтода, вазъи, ба қавли мақомот, ташвишовареро ба миён оварда буданд.

Аз ҷумла нигаронии мақомоти амниятии ду кишвар аз ин буд, ки дар низоъи марзӣ силоҳи шикорӣ аз сӯи аҳолӣ мавриди истифода қарор гирифт ва эҳтимоли таҳаввули чунин вазъ ба як даргирии мусаллаҳона миёни мардуми марзнишин ва кашонидани пойи нерӯҳои амниятӣ ба ин низоъ ба миён омад.

Ҷаласаи корӣ ё музокироти мақомоти қудратӣ ва мулкии Тоҷикистон қариб 12 соат давом кард ва пас аз баҳсу баррасиҳо проткол ба имзо расид, ки бино ба он, гуруҳҳои корӣ муваззаф шуданд лоиҳаи хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистонро дар қисматҳои боқимондаи баҳсӣ омода кунанд.

Бино ба протокол:

- Гуруҳҳои кории ҳуқуқӣ муваззаф шуданд то 15 феврали 2020 мавқеи мувофиқашудаи худро дар бораи тасвири гузариши хати лоиҳавӣ дар қисмати 114 километри марз ироа диҳанд; - Гуруҳҳои кории топографӣ муваззаф шуданд, ки то аввали марти 2020 гузинаҳои тавофуқшудаи мубодилаи замини мусовӣ ба тӯлу арз дар ноҳияи Бодканд ва шаҳри Исфараро дар бахшҳои Самарқандак ва Кӯктош анҷом диҳанд;

Представители Таджикистана и Кыргызстана проводят переговоры по ситуации на границе - Sputnik Тоҷикистон
Як бому ду ҳаво? Ҳайат дар Исфара, баррасиҳо дар Бишкек -аксҳо

- Тарафайн тавофуқ карданд, ки ҳамчунон гаштҳои муштаракро дар роҳҳои Чоркӯҳ-Оқсой-Ворух, Кӯктош-Ӯртабуз идома диҳанд ва ҳамчунин ба насби чароғакҳо, камераҳои назоратӣ дар тақоту (буриш)-ҳои бузургроҳҳои Исфара-Ворух ва Бодканд-Исфана иқдом кунанд.

- Ба мақомоти маҳаллии манотиқи марзӣ дастур дода шуд, то иқдомоти ҷилавгирӣ аз бурузи ҳодисаҳо, ҳамчунин ҳалли мушкилоти аҳолии манотиқи марзиро тақвият диҳанд;

- Ҳамкории ҳамаҷонибаи мақомоти маҳаллии вилоятҳои Бодканд ва Суғд ба ҳадафи рушди муносиботи иқтисодӣ – иҷтимоӣ, фарҳангӣ – башардӯстона, ҳамчунин ҷилавгирӣ аз даргириҳо шиддат бахшида шавад;

 - Тарафайн ба як назари муштарак расиданд, ки қатъан тавофуқномаҳои марбут ба пӯшиши кори Комиссияи таъйин ва аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон, гуруҳҳои корӣ, ҷаласаҳои марбут ба масоили марзӣ дар расонаҳоро риоят кунанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 987 километр марзи муштарак доранд. Комиссияи муштараки таъйин ва аломатгузории марзҳо, ки соли 2001 ду кишвар эҷод карданд, танҳо соли 2013 тавонист 520 километри марзро дар қисматҳои баландкӯҳ тасбит кунад. Бақия 467 километри он ба вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон рост меояд, ки то ба ҳол тасбит нашудааст.

Представители Таджикистана и Кыргызстана проводят переговоры по ситуации на границе  - Sputnik Тоҷикистон
Ҷараёни гуфтушуниди ҳайатҳои расмӣ дар марз: кӣ чӣ гуфт?

Ҳайатҳои ду кишвар дар Исфара ҳоло тасмим гирифтаанд дар қадами аввал 114 километри онро дар қисматҳои Самарқандак ва Кӯктош (ҳамсоя бо Сомониёни Исфара) таъйин ва аломатгузорӣ кунанд ва ин ба ба он маъност, ки кори 353 километри дигар, бахусус минтақаи Ворух ба баъд афтодааст.

 Бино ба иттилои расмӣ, соли 2019 дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон 14 муноқишаю тирандозӣ иттифоқ афтодааст, ки 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистонро кушта ва зиёда аз 60 нафарро захмӣ ба ҷой гузоштааст.

 Кор ба ин ҷо кашид, ки дар ҳаводиси ним моҳи ахири соли равон мавориди сангандозӣ ва тирпаронӣ дар ин марз афзоиш ёфт. Аммо то куҷо музокироти ахири ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли муноқишаҳои марзӣ муассир хоҳад афтод, суоли вақт аст.

Лентаи хабарҳо
0