ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз унвонии Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барои таъин шудан ба ҳайси Султони салтанати Умон барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон роҳбари феълии Умонро сидқан табрику таҳният намуда, ба ӯ сиҳатмандии комил ва саодатмандӣ дар иҷрои ваколатҳои пурмасъул орзу намудааст.
Андӯҳи Раҳмон аз суқути ҳавопаймо дар Теҳрон: барқия таслият ба Зеленский ва Руҳонӣ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намудаст, ки Султони тозатаъини Салтанати Умон, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистон ва Умонро минбаъд ҳам идома медиҳад.
"Мо ҳамеша алоқаманди таҳкими ин раванд ва ғанӣ гардонидани мазмуну мундариҷаи робитаҳои ҳасанаи байни кишварҳоямон бо иқдомоти нави амалӣ дар ҳама соҳаҳои ҳамкории мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем", - омадааст дар хабар.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Султони Умон Қобус бин Саид ал - Саид бар асари беморӣ аз олам даргузашт.
Марҳум аз соли 1970 кишварашро роҳбарӣ мекард, вале пас аз гирифтор шудан ба бемории саратон ҳафтаи гузашта ҷон бохт.
Эмомалӣ Раҳмон ба муовини Сарвазир дар умури Шӯрои вазирони Cалтанати Умон, Фаҳд бин Маҳмуд Оли Саид дар робита ба даргузашти Қобус бин Саид ал - Саид барқияи тасаллият ирсол намуда буд.