Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун: дуои Раҳмон дар ҳаққи Қобус бин Саид

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз даргузашти Султони Умон, Қобус бин Саид ал-Саиди 79-сола, ки аз соли 1970 кишварашро роҳбарӣ мекард, изҳори андуҳ намудааст

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба муовини Сарвазир дар умури Шӯрои вазирони Cалтанати Умон, Фаҳд бин Маҳмуд Оли Саид барқияи тасаллият ирсол намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ ҳангоми фотиҳахонӣ дар хонаи Ҳоҷӣ Камол - Sputnik Тоҷикистон
Фотиҳахонии Раҳмону Рустами Эмомалӣ дар хонаи Ҳоҷӣ Камол дар рӯзи ҷумъа-акс

“Бо камоли андӯҳ хабари даргузашти ходими барҷастаи сиёсӣ –Султони Умон Қобус бин Саид ал-Саидро дарёфт намудам. Шодравон ходими барҷаставу муваффақи сиёсиву давлатӣ, яке аз маъруфтарин шахсиятҳои мамлакат, минтақа ва ҷаҳон буд”, - омадааст дар барқия.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, марҳум дар маснади Султони Умон барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту, тараққии Умон хизматҳои бузурге анҷом дода, ислоҳотҳои зиёдеро ба роҳ монд.

“Мо марҳумро ҳамчун сарваре, ки ҷиҳати густариш ва тақвияту тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон саҳм гузоштааст, дар хотир дорем”, ‑ зикр кардаст Раҳмон.

Ӯ аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии худро баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум тасаллиёти самимии хешро изҳор доштаст.

“Парвардигори бузург марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун”, - дуо кардааст Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи султони даргузаштаи Умон.

Лентаи хабарҳо
0