ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков телефонӣ суҳбат кард.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо тамоми маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор додаанд.
Дар ин зимн президентҳо ба мавзӯи вазъи кунунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ҳамзамон аҳаммияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати пешбурди минбаъдаи раванди музокирот оид ба масъалаҳои сарҳадот махсус таъкид гардид.
Ду фарзияи комилан мутафовит: вазири қирғиз ба Муҳриддин занг зад ва сафирро наздаш хонд
"Ҳамчунин мувофиқа ҳосил шуд, ки бо мақсади пешгирӣ кардан аз ҳолатҳои ба вуқӯъ пайвастани ташаннуҷи вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мулоқоту фаъолияти гурӯҳҳои кории ҷонибҳо фаъол гардонида шавад", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки дар натиҷаи сӯҳбат ҷонибҳо ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт супоришҳои мушаххас доданд.