ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputniк. Ба нақл аз хабаргузории Форс, мақомоти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир тавофуқнома дар бахши мудирияти масрафи об барои тасдиқ ба ниҳодҳои дахлдори кишвар ирсол карда шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, санади мазкур бо тақозои ду тараф барои тақвияти робитаҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркия ба имзо мерасад.
Дар ин санад ироаи кумакҳои фаннӣ ва ҳамчунин табодули таҷриба дар бахши обрасонӣ ва соф кардани об пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин тарафайн дар заминаи мудирияти ҷараёни рӯдхонаҳо ва манбаъҳои обӣ бо дар назар гирифтани коҳиши зарфияти онҳо дар натиҷаи тағйири иқлим, ниёзҳои рӯ ба рӯшди бахши кишоварзӣ, санойеъ ва масрафи рӯзонаи мардум, табодули таҷриба мекунанд.
Дар ин санад ҳамчунин ташкили шабакаи мутахасисони ду кишвар ва табодули таҷриба дар заминаи мудирияти санадҳо аз ҷумла омодасозӣ ва иҷроии пружаҳои муштарак дар заминаи об пешбинӣ шудааст.
Барои ҳамкорӣ дар ин тавофуқнома аз муасисаҳои давлатӣ ва илмӣ ва ҳамчунин ширкатҳои хусусӣ ва Созмонҳои ғайри давлатӣ даъват ба ҳамкорӣ шудааст.