ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ирсоли як пайём ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Истиқлоли давлатиро шодбош гуфтааст.
“Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан аз номи худам ва мардуми Туркия Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро аз самими қалб табрик менамоям”, - изҳор доштааст Эрдуғон дар хитоб ба Раҳмон.
Ӯ таъкид намудааст, ки Туркия, аз рӯзҳои аввалини истиқлолияти кишвари дӯсти Тоҷикистон ҳамеша дар паҳлӯи он қарор гирифта буд ва минбаъд низ дар қарор хоҳад гирифт.
Эрдуғон ба Эмомалӣ Раҳмон тансиҳативу хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон беҳбудиву осудаҳолӣ таманно кардааст.
Ашраф Ғанӣ барои мулоқот бо Трамп ба Вашингтон меравад
Инчунин Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, мардуми Тоҷикистонро бо Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфтааст.
“Мардуми Тоҷикистон баъд аз касби истиқлол дастовардҳои сутург дар ростои ободӣ ва пешрафти кишварашон доштаанд. Мардуми Афғонистон ба унвони дӯстони наздики Тоҷикистон ба робитаҳои нек ва ҳасанаашон, ки ҳамвора ба он кишвар тавсеа ёфтааст, ба дидаи қадр менигаранд”, - изҳор доштаст Ғанӣ.
Ӯ дар хитоб ба Раҳмон гуфтааст, ҳамон гуна, ки моҳи июни ҳамин сол дар Бишкек дар мулоқоти дӯстонаи хеш ёдовар гардидам, Афғонистон ва Тоҷикистон фурсатҳои бузург барои густариши ҳамкориҳо ва кори муштарак дар пружаҳои муҳими минтақавӣ доранд.
“Афғонистон омода аст то ба манзури истифода аз ин фурсатҳо ва таҳкими бештари равобити дӯстона бо Тоҷикистон талошҳои ҳамаҷониба намояд”, - таъкид намудааст Ғанӣ.
Тоҷикистониён 9 сентябр 28-умин солгарди Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунанд.