ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Ҳодиса 10 январи соли равон рух додааст. Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ронандае дар Душанбе бидуни ҳуҷҷат ва қайди давлатӣ мошин ронда, ба садама дучор гардидааст.
"10-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Хова", бе рақами қайди давлатӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ, шаҳрванд Мадаминов Муҳаммад Мадаминович, соли таваллудаш 1977, сокини кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Лоҳутии пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум зани тахминан 40-45-соларо пахш намудааст", - тавзеҳ медиҳад ВУД.
Дар натиҷа, зани шахсияташ номаълум ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Барои муайян намудани шахсияти зани мазкур чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.