ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputniк. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи нохуши рӯзи 11 январ дар гузаргоҳи Узбакистону Тоҷикистон гузориш додааст, ки дар натиҷа як тан ҳалок ва чанде маҷрӯҳ шудаанд. Вазорат фоҷеаро ҷурми ронанда гуфтааст.
Бино бар иттилои манбаъ, 11-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 08:00, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Пирназаров Фозилҷон Ҳамзаевич, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат аз самти гузаргоҳи Ҷумҳурии Узбакистон ба самти ноҳияи Шаҳритус, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба тарафи чап роҳ баромада, ба симчӯби бетонии хатти барқ бархӯрдааст.
"Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина Пирназаров Обидҷон Ҳамзаевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Қубодиён, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигараш: Пирназаров Расулҷон Ҳамзаевич, соли таваллудаш 1984 ва Шерматов Ғуломҷон Муродович, соли таваллудаш 1992, сокинони ноҳияи мазкур ҷарроҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - афзудааст ВУД.
Тафтишоти ҳодиса идома дорад.