ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputniк. Рӯзи 10 январ, дар ноҳияи Рашт Конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Рашт, Лахш, Тоҷикобод, Сангвор ва Нуробод доир шуд.
Дар он муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Рашт №12 пешбарӣ гардид.
Дар конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси номояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Рашт №12 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи қарори конференсия, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Рашт №12 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода пешбарӣ гардид.
Сардори Раёсати илми Дастгоҳи Президент аз ҳавзаи Данғара ба парлумон пешбарӣ шуд
Дар кори конфренсия муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Рашт, Лахш, Тоҷикобод, Сангвор, Нуробод ва вакилон иштирок намуданд.