Бонуи миллионери Тоҷикистон ба парлумон пешбарӣ шуд-акс

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонМаҳмадсаид Убайдуллоев, Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкор Сурайё Ӯроқова
Маҳмадсаид Убайдуллоев, Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкор Сурайё Ӯроқова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон номзадии хонуми соҳибкор Сурайё Ӯроқоваро ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар интихоботи 1 марти 2020 пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Сурайё Ӯроқова, мудири ҶДММ “Гурӯҳи Самимӣ Констракшн” аз ҳавзаи якмандатии Ҳисор №7 ба вакилӣ пешбарӣ шуд, хабар додааст ҲХДТ.

Собиқ раиси ВМКБ номзад ба вакилӣ дар парлумон шуд-акс

Ӯроқова бонуи соҳибкор мебошад, ки чанд соли қабл бо харҷи 27 миллион сомонӣ дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино, бинои истиқоматии 12 - ошёнаро бо марказҳои савдою хизматрасонии муосир мавриди истифода қарор дод.

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонБинои бунёдкардаи соҳибкор Сурайё Ӯроқова дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе
Бонуи миллионери Тоҷикистон ба парлумон пешбарӣ шуд-акс - Sputnik Тоҷикистон
Бинои бунёдкардаи соҳибкор Сурайё Ӯроқова дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе

Дар расми ифтитоҳи иншооти бунёдкардаи Ӯроқова, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори вақт, Маҳмадсаид Убайдуллоев иштирок карданд.

Эмомали Рахмон в Центральной мечети в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дидан мехоҳад: Раҳмон сабаби бо худ бурдани Рустамро дар сафарҳо гуфт

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода буд, дар марҳилаи сохтмон 80 ҷой ва баъди ифтитоҳи иншоот 150 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.

Пешниҳоди номзадии Холмаҳмадзода ба вакилӣ дар парлумон

Котибот афзуд, Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми Сурайё Уроқова барои бунёди бинои истиқоматӣ ва аз ҳама асос таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ки боиси некуаҳволии як зумра шаҳрвандон мегардад, баҳои баланд дод.

Лентаи хабарҳо
0